sebiston july new
Зайнура Пулодова аз Рӯзибеки Файзалӣ ҷудо шуд?
22.05.2022
Оила
1164

Салом “Оила”-и дӯстдоштанӣ! Шояд аз овозаи шунидаи ман бисёриҳо руҳафтода шаванд, зеро ҳам Зайнура Пӯлодова ва ҳам Рӯзибеки Файзалӣ ҷуфти зебои шоу-бизнес ҳисоб меёбанду ҳамеша дар консерту чорабиниҳои кишвар ҳардуро якҷоя мебинем.

Мегӯянд, ки Зайнураву Рӯзибек аз ҳам ҷудову ба душмани ҷонии якдигар мубаддал гаридаанд. Хоҳишмандам оиди рӯзгори имрӯза ва овозаи аз ҳам ҷудо гаштани сарояндагон- Зайнура Пулодова ва Рӯзибеки Файзалӣ ба мо маълумот диҳед.

Посух
Мо овозаи мазкурро шунида будем ва барои ба даст овардани маълумоти тоза бо дӯстони ин сарояндагони маҳбуб дар тамос шудем. Дар мавриди ҷудо гаштани онҳо касе ба мо маълумоти дақиқ надод, вале як дӯсти наздики сарояндагон бо шарти ифшо нагаштани номаш қайд намуд, ки сабаби бо ҳам зуд-зуд моҷаро кардани Рӯзибек ва Зайнура рашки зиёд мебошад. Бояд қайд намуд, ки ҳам Зайнура ва ҳам Рӯзибек муносибатҳои худро ҳамчун дӯст, ҳамкасб ва ҳамкор шарҳ медиҳанду зану шавҳар буданашонро рад месозанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД