“Бо ворид шудани технологияҳои навин ва зеҳни сунъӣ ба зиндагии мо оҳиста-оҳиста бисёр касбҳо аз байн мераванд. Ҷомеа ва махсусан ҷавонон бояд ба ин омода бошанд ва технологияҳои навро омӯзанд”,-гуфтааст вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир зимни нишасти хабарӣ.
Вазир таъкид кардааст, ки технологияҳои нав ва зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон бо суръати хеле баланд ба ҳаёти рӯзмарра ворид гашта истодаанд.
“Ду-се сол пеш бисёриҳо чӣ будани ChatGPT-ро намедонистанд, вале имрӯз аксарият аз он истифода мебаранд. Ҳоло мо дар Дарвоз як маркази зеҳни сунъӣ дорем ва боз чанд марказҳои нав ба фаъолият медароянд”,- гуфтааст Шералӣ Кабир.