Formula novemver 2024
Зеҳни сунъӣ-усули муосири ташхиси сил
1087


Дастгоҳи рентгени сайёр бо зеҳни сунъӣ навтарин дастгоҳ маҳсуб меёбад. Зеҳни сунъӣ ба дастгоҳ пайваст буда, баъди аксбардорӣ ба таври фаврӣ маълумоти пурраро дар бораи шахс пешниҳод мекунад, ки чанд фоизи шуш осеб дидааст, изи он дар куҷост ва шахс бемории сил дорад ё не.

Эҳсон Аъзамиён, сухангӯи Ассотсиатсияи "Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон" дар суҳбат ба хабарнигори сомонаи Оила дар ин бора хабар дод.

Мавсуф ҳамчунин қайд кард, ки афзалияти ин дастгоҳ пеш аз ҳама барои бурда овардан ба минтақаҳои куҳистон кулай мебошад, зеро на ҳар кас имкони ба маркази ноҳия барои ташхис ё муоина кардан, рафтан дорад.

Дастгоҳ барои муоинакунандаҳо ва муоинашавандаҳо безарар буда, хавфи хеле пасти таъсири нурҳои радиотсинӣ расониданро дорад. Дастгоҳ хараҷоти кам дошта, ҳамаи муоинаҳо онлайн дар хотираи компютер нигоҳ дошта мешаванд ва дар вақтҳои зарурӣ онҳо чоп карда мешаванд.

Дар доираи Лоиҳаи "Ҷомеаи ман бидуни сил" тӯли чанд моҳ аст, ки муоина бо дастгоҳи рентгени сайёр бо зеҳни сунъӣ дар миёни оилаҳое, ки бо бемории сил алоқамандӣ доранд ва ҳамчунин дар миёни шахсони осебпазир гузаронида мешавад. Аз рӯи ин тарзи муоина дар миёни аҳолии ноҳияҳои Муъминобод, Ҳамадонӣ, Фархор, Восеи вилояти Хатлон сокинон аз тахшис гузаронида шуда, ҳоло бошад дар шаҳри Кӯлоб ҷараён дорад ва ин муоина ройгон гузаронида мешавад, гуфт дар охир Эҳсон Аъзамиён. 

Ин навъи муоина ба дастрас ва осонтар шудани ташхиси бемории сил, пешгириву дарёфт ва табобати саривақтии ҳолатҳои беморӣ мусоидат мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД