formula
Жило Гулназарзода: Донишҷӯёни афғон ройгон таҳсил ва иқомат мекунанд
646

 

“Норасогии кадрҳо дар самти забони имову ишора дар ҷомеа дида мешавад. Ҷои пӯшида нест, ки дар айни замон имконияти кофӣ надорем. Лекин ҳам дар нақша ҳаст, чун мо ихтиссосҳои равоншиносиро ба нақша гирифтаем ва дар ин масъала аз паи амалии он мешавем. “

photo_2023-02-08_16-23-19

Посухи Жило Гулназарзода, ректори Донишгоҳи байналмиллаии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба саволи хабарнигори сомонаи Оила чунин буд. Муҳтавои савол аз он иборат буд, ки Донишгоҳи байналмиллаи забонҳо хориҷии кишвар барои омода намудани мутахассисиони забони имову ишора то куҷо тасмим гирифтааст.

photo_2023-02-08_16-23-23

Норасогии сурдотарҷумонҳо дар кишвар яке аз мушкилиҳои ҷомеа ва гурӯҳи шахсони имконияташон маҳдуд маҳсуб меёбад. Дар донишгоҳ 14 донишҷӯ имконияти маҳдуддошта таҳсил мекунад, ки аз тарафи раёсат ҳар моҳ 250 сомонӣ кӯмакпӯли дода мешавад. 

photo_2023-02-08_16-23-25

Донишҷӯён аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки айни ҳол 3 нафар таҳсил мекунанд, дар асоси коммисияи байни ҳукуматӣ таҳсили онҳо пурра ройгон аст, бо хобгоҳ таъмин карда шудааст.

photo_2023-02-08_16-23-34

Донишгоҳ муввазаф аст, ки ҳолати будубоши онҳоро ба уҳда гирад. Дар донишгоҳ 586 шаҳрванди хориҷӣ аз Туркманистон, Қирғизистон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Русия таҳсил мекунанд. Аз донишгоҳи мазкур бошад 12 нафар донишҷӯён дар асоси шартнома ва қарордод ба кишварҳои хориҷ, аз ҷмула давлати Ҷопон, Куриои Ҷанубӣ ва Ҳиндустон барои идомаи таҳсил сафарбар гардиданд.

photo_2023-02-08_16-23-27

Донишгоҳи байналмиллаии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мутахассисонро аз рӯи 11 забон ва 31 ихтиссос бакалавриат панҷ ихтиссос дар зинаи магистратура ва панҷ ихтиссос дар зинаи докторантура бо касбҳои бозори меҳнат рақобатпазир омода менамояд. Дар нақшаи донишгоҳ ба роҳ мондани 22 ихтисос дар ояндаи наздик пешбинӣ шудааст.

photo_2023-02-08_16-23-29

Ҳини гардиш аз синфхонаҳои зебову барҳавои донишгоҳ, ки дар алоҳидагӣ забонҳои хориҷиро ба донишҷӯёни мо меомӯзонанд, дидан намуда, шоҳиди он гаштем, ки мутахассисони ҷавон ва ботаҷриба имрӯз дар донишгоҳ фаъолият мекунанд ва забонҳои хориҷиро, аз қабилӣ, забони олмонӣ, англисӣ, рӯсӣ, хитоӣ, франсузӣ, ҷопонӣ  ба доншҷӯён меомӯзонанд.

photo_2023-02-08_16-23-44

photo_2023-02-08_16-23-32

 

photo_2023-02-08_16-23-31

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД