sebiston july new
Жоан Лапорта: Месси бармегардад
361

Жоан Лапорта, президенти дастаи “Барселона” ҳангоми суҳбат бо мухлисон пеш аз бозии даври 29-уми Чемпионати Испания бо “Хетафе” (0:0) гуфт, ки ҳамлагари “ПСЖ” Лионел Месси ба зудӣ ба тими каталониягиҳо бармегардад, хабар дод Варзиш ТВ.

Тибқи иттилои ин сомона, Лапорта ба саволи мухлисе, ки “оё Месси ба Барса бармегардад?” чунин посух додааст, ки “Месси дар зудтарин фурсат дубора ба “Барса” бармегардад...”

Месси аллакай аз соли 2005 то соли 2021 дар тими “Барселона” бозӣ кард. Дар ҳайати тим ин ситораи аргентинӣ 778 бозӣ анҷом дода, ба задани 672 гол ва 303 ирсоли головар ноил гардидааст.

Шартномаи феълии Мессии 35-сола бо “ПСЖ” то тобистони соли 2023 ҳисоб шудааст. Вай дар ин мавсим дар ҳайати даста 34 бозӣ анҷом дода, ба задани 19 гол ва 18 партофти головар даст ёфтааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД