shoh palace
Зиёфати хунин
1082



Вазорати умури дохилии кишвар аз сар задани боз як ҳодисаи хунин дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд хабар додааст. Як сокини ин ноҳия ҷӯраашро ба меҳмонӣ даъват намуда, ба ҷойи зиёфат додан меҳмонро кордборон кардааст.

“Дар натиҷаи баргузор намудани чорабинаиҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.Номбурда, рӯзи 22-юми январи соли 2023, тахминан соати 02:00, дар ҳолати мастӣ ҳангоми дар хонаи истиқоматиаш бо рафиқаш, ҷавони 25-солаи сокини ҳамин ноҳия қарор доштанашон, аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо корди хоҷагӣ 2 маротиба ба қафаси сина ва 1 маротиба ба оринҷи ҷабрдида задааст, ки дар натиҷа номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст”-менависад манбаъ.

Сабаби сар задани моҷарои хунин байни ҷӯраҳо маълум нест, вале нисбати гумонбаршаванда қисми 1-и бо моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД