Arzon march 2024
ЗИНДАГӢ ДАР КУЛБАИ КАРТОНӢ
1678

 ...Баъди ин ҳодиса ба маҳаллаи Моҳи нав кӯчидем ва як марди шариф ба мо ҷой барои хоб дод. 7 сол мешавад, ки дар ҳамин анбор зиндагӣ дорем. Худам фаррошӣ карда, 120 сомонӣ маош мегирам, лек ин маблағи ночиз барои рӯзгузаронӣ тамоман намерасад.

Шавҳарам шабона посбонӣ мекунад, баъзан ман ҳам дар ҷойи ӯ меистам. Боз шавҳарам дар бозорчаи маҳаллаи 33 мева савдо мекунад, то нонпулиамонро ёбем...

Қиссаи зиндагии оилаеро, ки дар анбор зиндагӣ доранду барои дарёфти қути лоямут ҳамарӯза талош мекунанд, аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” мутолиа кунед!

Ҳаётой Мӯъминова: Замоне халтаи орд мекашидам...

...Холбӣ гуфт, ки 1 миллион рублат бошад, мешавад. Як миллион рубли он вақт ба 200 доллари ҳозир баробар аст. Ба дугонаам гуфтам, ки ман ин қадар пул надорам. Ба ангуштарӣ ва гарданбандам нигоҳ карда, гуфт, ки ҳаминҳоро фурӯшӣ, тиҷоратро сар карда метавонӣ. Хулоса, тилловориҳоро аз нархи аслиаш арзонтар фурӯхта, аз шавҳарам барои оғози тиҷорат дуо гирифтам...

Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ҳаётой Мӯъминова аз гузаштаи хеш ёдовар шуд. Шакли пурраи суҳбатро аз шумораи тозанашри ҳафтаномаи “Оила” бихонед!

Талоқи ҳамсари шаттоҳ дар рӯзи ид

...Модар ва якчанд ақрабои Шаҳром низ баҳри хурсандӣ ва табрики онҳо омаданд. Телефони модар садо баровард. Кампир гӯширо бардошту “Ман дар як ҷо ҳастам, баъдтар суҳбат мекунем” гуфт. Гулноз аз ин гапи модари Шаҳром дар ғазаб шуду ба сари хушдоманаш “Барои чӣ намегӯед, ки ман дар хонаи писарам ҳастам?” гӯён, дод зад. Бо ҳамин байнашон ҷанг шуду Гулноз ба хушдоманаш “Писари девона ва касалиатро гиру рав” гуфт...

Қисса асоси воқеӣ дошта, онро муфассалтар аз ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед ва хонед!!!

Мино: Маро модарам маҷбуран сароянда карданд!

...Мутаассифона, намедонам тӯю консертҳо кам шуданд ё дигар сабабҳо буд, ки он қадар машҳуру номдор шуда натавонистам, ҳарчанд солисти ансамбл будам. Баъд модарам гуфтанд, ки машҳур шуда натавонистӣ, акнун сароянда мешавӣ. Танҳо ба як шарт розӣ шудам. Гуфтам, ҳамагӣ як суруд мехонам, агар мардум хуш қабул кунанд, идома медиҳам, агар не, ба ансамбл бармегардам ва ҳамин тавр, роҳи ман боз шуд”,-бо шавқ нақл мекунад Мино...

Ин ва дигар ахбори тозаи шоу-бизнесро аз саҳифаи “Ситорарез”-и ҳафтаномаи “Оила” ҳар ҳафта мутолиа намоед!

Чаро марду зан безурёт мешаванд?

...-Пешгирии безурётӣ аз сари вақт муолиҷа кардани илтиҳоби узвҳои таносул, роҳ надодан ба исқот, хусусан исқоти ғайриқонунӣ, риоя намудани қоидаҳои беҳдошти шахсӣ вобаста аст. Муолиҷаи дандонҳо низ баҳри пешгирии ихтилоли фаъолияти ғадудҳо аҳамияти зиёд дорад...

Мусоҳибаи хабарнигори моро бо уролог-андролог Ҷамшед Ризоев ва гинеколог Илона Ризоева дар бобати безурётии зану мард аз ҳафтаномаи “Оила” бихонед!

Духтар мезоед ё писар?

Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи «Оила» бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба «Оила» занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ:

238-52-52

«Маро танҳо нагузор»

Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм пайдо кунед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед? Умри инсон хеле кӯтоҳ аст, онро дар танҳоиву ноумедӣ нагузаронед. Шитобед, бахти худро пайдо намоед. Маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Рӯзҳои қабул: чоршанбе (аз соати 9.00 то 12.00) ва ҷумъа (аз соати 14.00 то 17.00). Суроға: хиёбони Саъдӣ Шерозӣ 16, бинои «Шарқи озод», ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи «Оила».

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бо воситаи маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» беш аз 200 нафар оила барпо карданд ва хушбахтанд.

Оила ва Ислом

Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.

СМС-ҳои ошиқона

Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон «Оила» рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД