35 years of independency
«Зоркул» барои ҳайвонот шароити зимистонгузаронӣ фароҳам меорад
11.11.2026
Оила
43

«Зоркул» барои ҳайвонот шароити зимистонгузаронӣ фароҳам меорад

Дар мамнӯъгоҳи табии «Зоркул» барои ҳифзи ҳайвоноти нодир ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зимистонгузаронии онҳо тадбирҳо андешида мешаванд.

Ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, дар фасли зимистон шамолҳои сахт ва боридани барф дастрасии ҳайвонотро ба ғизо мушкил карда, зинда мондани онҳоро зери хатар мегузоранд.

Манбаъ таъкид кардааст, ки дар мавсими сармо кормандони мамнӯъгоҳ ба ҳифзи намудҳои нодири ҳайвонот таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои таъмини шароити мусоиди зимистонгузаронии онҳо чораҳои зарурӣ меандешанд.

Мақсад аз ин тадбирҳо ҳифзи олами ҳайвонот ва фароҳам овардани шароити муносиб барои гузаштани фасли сармо мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД