Новобаста ба ҳама талошҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ ба муқобили зӯроварӣ ин падидаи ногувор ҳанӯз дар ҷомеаи мо тамоюли афзоиш дорад.
Тавре Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, “тӯли шаш моҳи соли равон 2121 арзу шикоятҳо вобаста ба зӯроварӣ санҷида шудаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 277 адад бештар мебошад”.
Дар идомаи суҳбат Бунафша Файзиддинзода қайд намуд, ки аз шумораи умумии арзу шикоятҳо вобаста ба зӯроварӣ 1763 шикоят аз болои мардон ва 251 шикоят аз рӯйи занон мебошад.
Дар ин давра 102 нафар худкушӣ ва сӯйиқасд ба худкушӣ намудаанд, ки мутаассифона дар байнашон ноболиғон низ ҳастанд.
Бо мақсади пешгирии зӯроварӣ дар оила, никоҳҳои бармаҳал, худкушию сӯйиқасд ба худкушӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъи экстремистию террористӣ ва дигар падидаҳои номатлуб кормандони Кумитаи кор бо занон ва оила бо усули гардишҳои “Хона ба хона” бо 430 264 оила суҳбатҳои инфиродӣ гузаронида, бо усулҳои “маҳал ба маҳал” ва “деҳа ба деҳа” 3848 адад ва бо усули “мактаб ба мактаб” 975 адад корҳои таблиғотию ташвиқотӣ бурдаанд, вале тавре раиси Кумитаи кор бо занон ва оила мегӯяд, ҳамаи ин барои аз бех решакан кардани зӯроварӣ дар оила ҳанӯз кофӣ нест.
“Решакан кардани зӯроварӣ дар оила ва умуман ҷамъият кори танҳо як кумита ё ниҳод нест, тамоми аҳли ҷомеа бояд фаъолона дар ин самт корбарӣ намоянд. Агар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, омӯзгорон, табибон, журналистон, домуллоҳои масҷидҳо хомӯш ва бетараф набошанд, агар онҳо дар маҳалҳо, дар масҷидҳо бо мардум сари ин мавзуъ бештар суҳбат карда, фаҳмонанд, аҳли ҷомеаро ба роҳи рост ва дуруст ҳидоят намоянд, оҳиста-оҳиста зӯроварӣ аз байн меравад”,- гуфт раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода.