Formula 2025 may
Зуд ифтор кардан суннат аст
25.03.2025
Oila.tj
1335

Бархе мегӯянд, ки аввал рӯза кушода, баъд намози шом хондан лозим аст, бархеи дигар бар он ҳастанд, ки намоз хонда, баъдан сари суфраи ифтор бояд нишаст. Роҳи дуруст кадом аст?

МАНУЧЕҲР, ш. Кӯлоб

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

- Суннат ин аст, ки инсон зуд ифтор намояд. Ҳадисҳо ба ин чиз далолат мекунанд. Аз Саҳл ибни Саъд ривоят шудааст, ки Расулуллоҳ (с) фармудааст: «Мардум дар хайру хубӣ ҳастанд, то замоне ки дар ифтор кардан шитоб бикунанд (яъне дар аввали вақт ифтор бикунанд)». Ривояти Бухорӣ (1821) ва Муслим (1838).

Шоиста аст, ки ба ифтор бо хӯрдани луқмаҳои кӯчаке, ки гуруснагиашро бо он бартараф мекунад, шитоб намояд, сипас, ба сӯйи намоз бармехезад ва пас аз он агар бихоҳад, боз ба сӯйи хӯрок бармегардад, то ниёзи худро аз он бароварда созад.

Ин кирдори Паёмбар (с) аз Анас ибни Молик ривоят шудааст, ки мегӯяд: Паёмбар (с) пеш аз он ки намози шомро бихонад, бо чанд рутаб (хурмои тару тоза) ифтор мекард ва агар рутаб набошад, бо чанд тамр (хурмои хушк) ва агар тамр ҳам набошад, бо ҷуръаи об ифтор менамуд. Ривояти Тирмизӣ (Рӯза / 632).

Бинобар ин, беҳтар аст, ки аввал рӯзаатонро кушоед, баъдан намоз гузоред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД