goodwell
Се нафар барои оташ задани бозори Ҳисор боздошт шуданд
24.08.2026
Оила
53

Се нафар барои оташ задани бозори Ҳисор боздошт шуданд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти се бошанадгонӣ шаҳри Ҳисор хабар дод, ки ба қасдан оташ задани бозори масолеҳи сохтмонӣ дар соли 2023 гумонбар дониста мешаванд.
Вазорат аз онҳо, Далер Солизода ва Алишер Ортиқов, ҳарду 35-сола, инчунин Муҳиддин Муҳаммадови 34-сола номбурдааст.
Тибқи фарзияи тафтишот, Солизода бо сабаби бадбинӣ нисбат ба яке аз соҳибкорони бозор ҳамроҳи Ортиқов нақшаи оташ заданро таҳия карда, барои иҷрои он Муҳаммадовро ҷалб кардааст.

Гуфта мешавад, баъди сӯхтор Муҳаммадов тавассути Ортиқов аз Солизода 15 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Нисбат ба се нафар парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 255-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон — қасдан нобуд ё хароб кардани молу мулки ғайр оғоз шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 31-уми августи соли 2023 рух дода, тақрибан 400 метри мураббаъ бозорро фаро гирифта буд. Он замон ВКД сабаби сӯхторро расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар байни қаторҳои чӯбу тахта гуфта буд. Ҳаҷми зарари соҳибкорон 12,82 миллион сомонӣ арзёбӣ шуда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД