arzon replenishment
10 ҳазор доллар сари ду мансабдорро хӯрд
1395



Раҳимҷон Набизода, раиси ноҳияи Рашт ва Холмаҳмад Ортиқов, сардори дастгоҳи ҳукумати ноҳия бо гумони порахӯрӣ аз ҷониби агентии зидди фасод боздошт шудаанд.

Ин ду мансабдор, ки дар Рашт мартабаи баланд доштанд, дар заминфурӯшӣ гумонбар дониста мешаванд.

Аз боздошти раис ва сардори дастгоҳи ноҳияи Рашт Саъдулло Худоёров, яке аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ аз ноҳияи Рашт дар саҳифаи Фейсбук хабар додааст.

“Шикоят расид, ки раиси ноҳия замин фурӯхта, дар маркази ноҳия чанд ҷойро ғайриқонунӣ ба соҳибкорон додааст. Далели тақсими ғайриқонунии замин тасдиқ шуда, раисро ҳангоми гирифтани беш аз 10 ҳазор доллар боздошт карданд.”

Боздошти ин ду мансабдорро манбаъҳои дигар низ тасдиқ намудаанд. Аз ҷумла Радиои Озодӣ дар такя ба манбаъҳои наздик ба агентии зидди фасод ва ҳукумати ноҳияи Рашт менависад:

“...як манбаи дигари Радиои Озодӣ дар минтақа иддао кард, ки Раҳимҷон Набизода (Муқимӣ) ба сабаби масунияташ ҳамчун узви Маҷлиси Миллӣ раҳо шуда, нисбат ба раиси дастгоҳ ба гумони “қаллобӣ” парванда кушодаанд.

Аммо масъулони Агентии зиддифасод,ҳукумати ноҳияи Рашт ва идораҳои дигари давлатӣ ин хабарро тасдиқ ё рад накардаанд.
Маълум нест, ки раиси ноҳияи Рашт ва зердасташ айни замон ҳарду дар боздоштқарор доранд ё яке аз онҳо.

Ёдрас мешавем, ки Раҳимҷон Набизода (Муқимӣ) 61-сол дошта, аз соли 2019 вазифаи раиси ноҳияи раштро иҷро мекард. Холмаҳмад Ортиқов 64-сола бошад, аз соли 2017 дар мансаби раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Рашт кор мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД