arzon replenishment
10- далели аҷиб дар бораи кӯдакон ва волидон
540

Кӯдакон медонанд, ки чӣ тавр ҳаёти моро ғайриоддӣ ва шавқовартар гардонанд. Онҳо бо боварӣ ба ҷаҳон ва самимияти худ ба калонсолон зиндагиро ширинтар месозанд.

Олимон тавонистанд дар бораи кӯдакон далелҳои аҷиберо исбот намоянд, ки калонсолон ҳатто пай намебаранд. Инак, мо чанд факти ҷолибро аз ҳаёти кӯдакон ва волидон пешниҳоди шумо менамоем, ки хеле шавқоваранд.

1. Волидони хурдтарини ҷаҳон ҳамагӣ 8 ва 9 сола будаанд.
2. Кӯдаки навзод ранги кабудро намебинад.
3. Кадимтарин бозичаи бачагона зиёда аз 1000 пеш аз милод сохта шудааст.
4. Аҳамият додаед, ки фарзанд, набера ва ё ҷиянчаҳоятон ба шумо чи қадар бисёр савол медиҳанд? Олимон исбот намудаанд, ки кӯдакони чорсола ба ҳисоби миёна дар як рӯз зиёда аз 900 савол медиҳанд.
5. Султон Исмоил аз Марокаш падари серфарзандтарин дар ҷаҳон аст.
6. Зани 23-сола аз Руминия ҷавонтарин бибии дунё ба шумор меравад.
7. Вақтҳои охир ба кӯдакон гузоштани номҳои ғайриоддӣ хеле маъмул шудааст. Аксари волидайн дар ИМА номи бутҳои машҳур ё брендҳои ҷаҳониро ба фарзандонашон мегузоранд. Дар Аврупо бошад, падару модарон ба кӯдакони худ номи қаҳрамонҳои китоб ё филмҳои тасвириро мемонанд.
8. Дар кишварҳои аврупоӣ синни миёнаи фарзанддор шудан аз 29 солагӣ сар мешудааст.
9. Дар Нигерия шумораи бештари дугоникҳо таваллуд шудаанд.
10. Дар чанд кишвари дунё феҳристи номҳои ғайриоддии кӯдакон вуҷуд дорад. Волидон аз он истифода бурда, ба тифлашон ягон номи аҷоиб мемонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД