sebiston july new
10-нишонаи ошиқшавӣ
2543

Вақте инсон ошиқ мешавад, рафтору кирдораш куллан тағйир ёфта, ба зиндагӣ бо чашми дигар менигарад. Донистан мехоҳед, ки ёратон шуморо дӯст медорад ё худро ошиқи зор вонамуд карда, бо дилатон бозӣ карда истодааст? Пас, ба нишонаҳои ошиқӣ мутаваҷҷеҳ бошед!

Вақте ки ҳормонҳо бозӣ мекунанд…
Дар ҳузури нафаре, ки дӯсташ медорӣ, хоҳ-нохоҳ ба ҳаяҷон меоӣ, панҷаҳоят арақ мекунанд, таппиши дилат афзуда нафасгир мешавӣ, вақти сухан гуфтан, сурх ё сафед шуда, худатро гум мекунӣ… Дар назди шахси дӯстдошта худро ба даст гирифтан бисёр душвор аст. Ин ҷо гап дар сустиродагӣ нест, ҳормонҳо ҳангоми ошиқ шудан ба бозӣ медароянд ва кас сари калобаашро гум карда, дигар худро идора карда наметавонад.

Худро гум мекунад
Шахсе, ки ошиқ аст, аз ҳаяҷони зиёд ва изтироби ботинӣ худро идора карда натавониста, беист гап мезанад. Медонад, ки суханҳояш хандаовар менамоянд, вале бо вуҷуди ин хомӯш истода наметавонад. Дӯстатон дастонашро алвонҷ дода, бисёр мелақида бошад, донед, ки вай ба шумо ошиқ шудааст.

Бо ёди ту мемирам
Дар сари ҳар гап номи касеро ба забон гирифтан нишонаи ба ӯ ошиқи зор будани шахси сухангӯй аст. Одаме, ки ошиқ аст, дар сараш ба ҷуз ёди ёри азизаш дигар фикре нест, аз ҳамин сабаб баҳудаю беҳуда номи ӯро ба забон овардан мегирад. Баъзе ошиқон ҳатто ҳангоми мулоқотҳои корӣ беихтиёр номи дӯстдоштаашонро ба забон гирифта, дар назди ҳампешаҳояшон сурху сафед мешаванд.

Табассум мекунад
Табассум яке аз нишонаҳои равшани дӯст доштан ва ошиқ будан аст. 90% -и ошиқон вақте дӯстдоштаи худро ёд мекунанд ё барояш паёмаки ошиқона менависанд, дар лабонашон табассум гул мекунад.

Хирагӣ мекунад
Шахси ошиқ зуд –зуд ба дӯстдоштааш паёмак менависад ё занг мезанад. Барои касе, ки содиқона дӯст медорад, ҳатто 10 зангу паёмак дар як рӯз кифоя нест. Сабаб дар он аст, ки ошиқон ҳатто як лаҳза бе ёди маҳбуби дилашон зиста наметавонанд. Хирагӣ карда, дам ба дам занг задан танҳо хоси занҳои дилбохта нест, мардҳои ошиқ низ инони ихтиёр аз даст дода, бо паёмакҳои ошиқони сирри дили худро фош месозанд.

Тамоми шаҳр бӯи ишқ дорад
Вақте инсон ошиқ мешавад, ҳар ҷое, ки қадам нагузорад, дӯстдоштаашро мебинад. Вай дар симои ҳар роҳгузар азизи дилашро ҷустуҷӯ менамояд ва ба назараш чунин мерасад, ки тамоми шаҳр бӯйи ёраш мекунад.

Бе пару бол парвоз мекунад
Ишқ одамро шоир, рассом ва ҳатто оҳангсозу сароянда мекунад. Шахсе, ки ошиқ аст, бе пару бол дар осмони орзуҳо парвоз карда, ба хотири шод намудани маҳбубаш ба корҳое даст мезанад, ки атрофиёнро ба ҳайрат меоранд. Баъзе романтикҳо аз шамъчаҳо дил месозанду тоифаи дигар азизи дили худро гулборон мекунанд. Аҷибаш дар он аст, ки чунин қаҳрамониҳои ошиқонаро на танҳо ҷавонон, балки нафарони калонсол низ мекунанд.

Ҷонро фидоят мекунам
Тайёр будан ба ҳама гуна қурбонӣ яке аз нишонаҳои асосии ошиқ будан ва аз сидқи дил дӯст доштани инсон мебошад. Шахси ошиқ ба хотири хушҳол сохтани азизи дилаш орому қарор ва роҳати худро фаромӯш сохта, ҳамеша барои роҳати маҳбубаш кӯшиш менамояд. Ишқ одамонро ба чунон корҳое водор месозад, ки дар дигар ҳолатҳо кас мурад ҳам, он корро ҳаргиз намекунад.

 Аз оина дур намешавад
Лаҳзаи ошиқшавӣ мо ба сару либоси худ диққати хоса медиҳем, босабабу бесабаб ба оина нигоҳ мекунем. Хусусан зани ошиқ нисбати ҳусну ҷамолаш бисёр бодиққат муносибат намуда, ҳатто барои як наракчаи дар пешонааш баромада зиқ мешавад. Мардҳо низ ҳангоми ошиқ шудан дар интихоби либос хурдагир мешаванд. Сабаби чунин рафтори намудани ошиқон нобоварӣ аст. Касе, ки самимона дӯст медорад, аз гум кардани ошиқаш ҳарос дорад. Метарсад, ки маҳбубаш аз ӯ беҳтареро дида, ба вай ошиқ нашавад, аз ҳамин сабаб ҳамеша кӯшиш мекунад, ки аз ҳама зебо ва дилкаш бошад.

Чашми ошиқ кӯр аст
Шахсе, ки ошиқ аст, тамоми айбу гуноҳи шахси дӯстдоштаашро мебахшад, ҳол он ки барои чунин камбудиҳо қаблан касеро бахшида наметавонистед. Беҳуда нагуфтаанд, ки чашми ошиқ кӯр аст, вақте ки кас ошиқ мешавад, танҳо сифатҳои беҳтарини шахси дӯстдоштаашро дида, аз ӯ барои худ бут месозад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД