Arzon march 2024
10-роҳи осони зебо шудани зан дар зимистон
1436

 Бо фаро расидани фасли сармо бонувон бештар аз хушкшавию пажмурдашавии пӯст шикоят мекунанд.

Мо бо истифода аз тавсияҳои табибони беҳтарини пӯст ва машваратчиёни ширкатҳои мушҳури косметикӣ ба шумо маслиҳатҳое медиҳем, ки риояашон ҳуснатонро ҳамешабаҳор нигоҳ медорад.

1. Иловаҳои биологӣ (БАД) истеъмол кунед
Яке аз сабабҳои хушкшавии пӯст норасоии витаминҳои махсус аст. Истеъмоли витамини Е, равғани моҳӣ ва равғани зағер пӯстро мулоим месозанд.

2. Ба косметика диққат диҳед
Дар ҳавои сард аз истифода намудани малҳамҳои поккунандае, ки спирт ё ишқорҳои зарарнок доранд, даст кашед, маҳз ҳамин маҳлулҳо пӯстро беоб мекунанд. Беҳтараш малҳамҳоеро истифода баред, ки равғани табиӣ дошта бошанд. Субҳгоҳон ба ҷойи рӯйшӯйӣ рӯятонро бо мушкоби безарар тоза кунед.

3. Бо оби ширгарм рӯй шӯед
Оби ҷӯш пӯстро сахт мехушконад. Дар фасли сармо пӯст бе ин ҳам беоб мегардад, аз ин лиҳоз, бо оби ширгарм рӯй шӯед ва кӯшиш намоед дар ҳаммоми буғин камтар қарор дошта бошед.

4. Пилинг накунед
Пӯстатон зиёд хушк бошад, ҳафтае як маротиба пилинг, яъне тоза кардани пӯст кифоя аст. Аз ҳад зиёд тоза кардани пӯст боиси хушкшавии он мегардад. Малҳамеро барои тозакунии пӯст истифода баред, ки дурушт набошад ва онро бо ҳаракати мулоим ба рӯй молед.

5. Пӯстро озор надиҳед.
Ҳангоми молидани малҳам, чӣ гуна молиш додани пӯсти рӯй ба ҳолати он таъсири зиёд мерасонад. Рӯятонро бо сачоқ сахт намолед, балки сачоқро сабук ба пӯст расонида, дарҳол малҳами ғизобахш молед, то ки намии пӯст бухор нашавад.

6. Ба ҳавои хона диққат диҳед
Қубурҳои оби гарм ва бухориҳо на танҳо ҳавои хонаву утоқҳои корӣ, балки пӯсти шуморо низ мехушконад. Нармкунандаи ҳаво (увлажнители воздуха) ҳавои манзили шуморо муътадилу пӯстатонро зебою нафис месозад.

7. Малҳамро иваз кунед
Малҳамҳои муқаррариатон вазифаи худро иҷро намекарда бошанд, аз малҳамҳои сахттаъсири дорои витамини Е, сквален, ҷавҳари растаниҳо истифода баред.

8. Қаҳва ва машруботро маҳдуд кунед
Машрубот, қаҳва ва чойи кабуд таъсири пешоброн дошта, ба бонувоне, ки пӯсти хушк доранд, тавсия дода намешавад. Баъди ҳар як пиёлаи қаҳва ё май як стакон оби бегаз нӯшидан лозим аст.

9. Ғизоятонро ғанӣ созед
Мушкилоти пӯсти хушкро ғизои хуб ҳал карда метавонад, аз ин хотир, бештар хӯрокҳои дорои элементҳои Омега-3 истеъмол намоед. Моҳӣ, сабзавоти сабз, меваи тару тоза ва чормағз аз ин элемент бой буда, ба ҳуснатон ҳусни тоза зам менамоянд.

10. Баъди рӯйшӯӣ малҳам молед
Обҳои гарми зеризаминӣ пӯстро ботароват намуда, ғизо мебахшанд, вале зуд бухор гашта, сабабгори хушкшавии пӯст мегарданд. Баъди шустани рӯй малҳами нармкунанда молед, то ки моддаҳои муфид аз пӯст нобуд нагарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД