sebiston july new
14-маслиҳати судманд дар боби сарфакорӣ
03.04.2022
ОИЛА
900

 

1. Расули Акрам дар ҳадисҳои мубораки хеш мефармояд:

-Беҳтарин аз занон сарфакоронанд. Бибикалонҳои мо бошанд, мегуфтанд:

-Сарфаи сари оташдон-савдогари Ҳиндустон, яъне зане сарфакор аст, ба буҷаи оила мисли як тоҷире фоида меорад, ки ба Ҳиндустон ба тиҷорат меравад…

 

2. Сарфакор бош, ҳамеша андешаи фардоро дошта бош, кӣ медонад, ки фардо чӣ воқеа рӯй медиҳад.

 

3. Хӯрок танҳо барои сер кардани шикам не, даво низ бояд бошад, аз ин рӯ, кӯшиш намо, ки дар тайёр намудани он аз масолеҳи фоидабахш истифода намоӣ.

 

4. Сарфакор ҳеҷ гоҳ гурусна намемонад, зеро имрӯз ғами фардояшро мехӯрад.

 

5. Аз омӯхтан ҳеҷ гоҳ шарм надор, ҳикмати сарфакориро аз калонсолон пурс.

 

6. Аз масолеҳи оддиву дастарас омода намудани хӯрокҳои гуногунро ёд бигир.

 

7. Пеш аз он, ки ба бозор меравӣ, чизҳои зуруриятро рӯйхат намо, зеро ҳар чизи пеш омадаро нагирифта, пулатро сарф мекунӣ.

 

8. Ба мағозаи хӯрокворӣ ҳамеша бо шиками сер рав, зеро дар ҳолати гуруснагӣ аз меъёр зиёдтар сарф мекунӣ, ин амали санҷида шудааст.

 

9. Барои тифлаконат қиммат ҳам бошад либоси босифат хар, зеро он метавонад ба тифли дигарат ҳам хизмат кунад. Колои бесифат метавонад тифлро ба бемориҳои гуногун мубтало гардонад.

 

10. Ҳеҷ гоҳ аз пайи мӯд надав, либоси шинаму хушдӯхту зебое, ки ба ту мезебад, ҳамеша дар мӯд аст.

 

11. Ҳунарҳои гуногунро ёд гир, ҳангоми дар рухсатии нигоҳубини кӯдак қарор доштанат лаҳзаҳои бекорӣ ба он машғул шуда, пул меёбӣ ва ёрие мешавад ба буҷаи оилаат.

 

12. Ҳунарҳои занона хоса пазандагиву дӯзандагиро ҳама занҳо бояд бидонанд, зеро он ҳам ба худатон лозим мешавад ва ҳам метавонед ба воситаи он ба буҷаи оила пул ворид кунед.

 

13. Маблағи бо меҳнати миёншикан ёфтаи ҳамсаратонро сарфи ҳар гуна колои нодаркор накунед, дилсӯз бошед.

 

14 Фаромӯш макун, ки исроф ҳаром аст ва исрофкорро Худованд дӯст намедорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД