shoh palace
1600 сомонӣ барои “гарм” кардани шавҳар
1123



Афзоиши фолбинҳо ва соҳирон солҳои охир ба дарди бедавои ҷомеаи мо табдил ёфта, иддае аз мардумфиребон бо баҳонаи кушодани бахти духтарон, шавҳарро ба зан гарм кардан ва соҳиби фарзанд гардонидани одамони бефарзанду ҳалли дигар мушкилоти оилавӣ пулҳои бо нӯги сӯзан ҷамъ кардаи мардумро ба осонӣ аз худ намуда, аз ҳисоби дигарон зиндагиашонро пеш мебаранд ва мудом кайфу сафо карда мегарданд.

Сафсатта будани ваъдаҳои хоми фолбинҳоро борҳо ба мардум тариқи радиову телевизион ва матбуоти даврӣ фаҳонанд ҳам, занҳои зудбовару сода бо шунидани он ки дар ин ё н ноҳия ягон фолчӣ ё ғайбдони номӣ будааст, боз ба ҷустуҷӯи ҳамон ҷодугар ё фолбини “зӯр” афтода маблағер, ки бояд сарфи ризқу рӯзии аҳли оилаашон мешуд, сарфи ҷодукушиву фолбинбозӣ мекунанд. Яке аз чунин фолбинҳои қаллобу фиребгар сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен Аҳрулло Мухсимов мебошад, ки ҳамчун “фолбини зӯр” ном бароварда, чанд сол боз зиндагиашро бо мардумфиребӣ пеш мебурд.

Бино ба гузориши масъулини РВКД ҶТ дар вилояти Суғд Аҳрулло Мухсимови 60-сола 10-сол боз бо фолбинию ҷодугарӣ машғул бошад ҳам, аслан на саводи динӣ доштаасту на дониши дунявӣ, вале аз ҳисоби соддагию гумроҳии мардуми минтақа “бозораш гарм” будааст.
Мухсимов бо вуҷуди ба қавли мардум “як пояш ба лаби гӯр расидан” ба ҷойи пеши офаридгор тавба кардану бо тоату ибодат машғул шудан қаллобиро пеша карда, худро дар минтақа ҳамчун ғайбдон, фолбин ва мушкилкушо муаррифӣ мекардааст.
Аҳрулло Мухсимов иқрор шудааст, ки соли 2014 бемор шуда, баъди ин дигар кор карда натавонистааст ва аз бекорӣ фолбиниро касб кардааст.

Ин пирамард худро тадбиршиносу чорасоз, дуохону ғайбдон гуён ҳар рӯз чандин корафтодаро фиреб медод ва пулу мол, зару зевар ва дигар маводи арзишноки мизоҷонашро бо фанду фиреб аз худ менамуд, вале дар асл ягон масъаларо ҳал намекард, зеро истеъдоди фавқуллода ё ба истилоҳ “насиба” надоштааст.
1600 сомонӣ барои “гарм” кардани шавҳар
Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар аксар мавридҳо занону духтарон “сайд”-и фолбинҳои дуруғгуй мешаванд. Дар масъалаи Мухсимов низ бештар занҳои соддаю гумроҳ фиреб хӯрдаанд. 9-сол боз ин мард ба таври худ “ситораи олами сеҳр” шуда, овозааш на танҳо дар ноҳияҳои Спитамену Ҷаббору Расулов, балки то ноҳияҳои Деваштичу Шаҳристон низ расида буд. Ин марди як пояш дар лаби гӯр қарор дошта аз худованди ҳамабин ва ҳозиру тавоно натарсида, бо ҷодугарӣ машғул шуда, бо воситаи риштаю сузан, ширинию шамъ ва даҳҳо асбобу олоти фосиқ боварии гармию хунукӣ карда, пулу моли бо арақи ҷабин ба даст овардаи мардумро соҳиб мешудааст. Рӯзи 5-уми июл як зани гумроҳ аз ноҳияи Деваштич барои гарм кардани муносибати сардшудаи шавҳараш ба худ ба назди Махсумов омадааст. Махсумов “кори вазнин” гӯён аз ин зани хомхаёл 1600 сомонӣ талаб кардааст. Зани гумроҳ 1600 сомонир бо умеди бахт муфтакак ба фолбин медиҳад, вале ба ҷойи дилгарм шудан муносбати шавҳараш ба ӯ боз ҳам бадтар шуда, ҳам аз пулу ҳамаз бахт мондааст.

... охир ба дасти малахак

Сардори Раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд Абдулло Навҷувонов дар нишасти матбуотияш гуфта буд, ки ҳолатҳои машғул шудан бо флбинию ҷодугарӣ бештар дар шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Хуҷанд ошкор ва ба қайд гирифта шудааст. Навҷувонов низ аз мавҷуд будани чунин падидаҳои номатлуб ва шаҳрвандонро гумроҳсозанда нигаронӣ карда гуфт:
“Тибқи моддаи 482 (Машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд ҷазои фолбинон пурзуртар карда мешавад, зеро мувофиқи қонуни зикршуда аз фолбин ва соҳироне, ки бори якум ва дуюм ба даст меафтанд ҷарима ситонда мешавад, вале бори сеюм корҳои ислоҳӣ ва маҳрум кардан аз озодӣ пешбинӣ шудааст.”
Дар баробари ин Навҷувонов аз ҳамаи сокинон даъват ба амал овард, ки баҳри решакан кардани фолбинию ҷодугарӣ дар ҷомеа талош варзида дар мубориза бо ҷодугарону мардумфиребон фаъол бошанд. Ба сафсаттаю дурӯғҳои фолбину ҷодугарон дода нашуда, дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти милитсия чунин шахсони фиребгарро ошкор намуда, аз байн бубаранд:
“Мубориза бо фолбинию ҷодугарӣ танҳо кори мақомоти милится нест. Ин кори дастаҷамъӣ аст. Танҳо ниҳоди мо наметавонад ҳамаи ҳолатро сари вақт фш созад, аз ин рӯ ҳам шумо журналистон ва ҳам сокинони фаъоли ҷомеа бояд дар мубориза бо ин гуна шахсон муттаҳид шуда корбарӣ кунем!”

Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД