17-18-уми декабр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ шудааст
17.12.2025
Oila.tj
76

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки рӯзҳои 17-18-уми декабри соли ҷорӣ дар кишвар ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи афзоиши бориши барфу борон ва нармии ҳаво дар ноҳияҳои Ховалинг ва Муъминободи вилояти Хатлон, ҳамзамон дар ноҳияҳои Рашт, Сангвор ва ағбаи Чормағзаки ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ эҳтимоли омадани селҳо вуҷуд дорад.

Ин манбаъ ҳамчунин гуфтааст, ки дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ ва мавзеи Майхӯраи ноҳияи Варзоб хатари лағзиши тарма вуҷуд дорад.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш кардааст, ки дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои тармахез худдорӣ кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД