formula55
3 миллион ё 600 ҳазор?
882

 

Думаи давлатии Россия аз зиёд шудани шумораи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ин кишвар нигаронӣ намудааст. Депутатҳои рус аз пайдо шудани анклавҳои муҳоҷирон сахт дар ташвишанд.

Депутатҳои Думаи давлатии Россия аз торафт зиёд шудани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Миёна изҳори нигаронӣ намудаанд. Онҳо мегӯянд, айни замон ҳудуди 3 миллион нафар ё аз се як ҳиссаи зодагони Тоҷикистон дар Россия кору зиндагӣ мекунанд.

“Дар Россия анклавҳои муҳоҷирон ба вуҷуд омада истодаанд, ки оқибатҳои ногуворро ба миён оварда метавонад.Ин масъала бисёр ташвишовар аст”-гуфтааст Раиси Кумита оид ба кор бо миллатҳои Думаи давлатии Россия Геннадий Семигин.

Семигин мегӯяд, дар кишвар омори аниқи муҳоҷирони меҳнатӣ вуҷуд надорад. Шумораи муҳоҷирони меҳнатиро тахминан 6- 9 миллион арзёбӣ мекунад, вале тибқи маълумотҳои дигар имрӯз ҳудуди 12-16 млн нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия зиндагӣ мекунанд.

“Шумораи кӯдакони муҳоҷир, ки ба мактаб намераванд, чи қадар аст? Яке 250 ҳазор мегӯяду дигарӣ 350 ҳазор, сеюмӣ бошад аз 450 ҳазор нафар кӯдакони оилаҳои муҳоҷирон ҳарф мезанад, ки ба таълиму тарбия фаро гирифта нашудаанд. Мебинед чи қадар хараҷу мараҷ бисёр аст?” –навиштааст Moscowtimes аз қавли Геннадий Семигин.

Тибқи маълумотҳои мақомотҳои расмии Тоҷикистон шумораи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Федератсияи Россия ҳудуди 640 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, вале рақамҳое, ки ҷониби Россия пешниҳод мекунад, ба ин шумора мутобиқат намекунанд. Қаблан Россия шумораи муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро беш аз як миллион нафар арзёбӣ менамуд, вале акнун депутатҳои рус мегӯянд, шумораи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз 3 миллион нафар бештар аст.

“Дар соли 2023 шумораи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Россия аз се миллион нафар гузаштааст. Ба ин шумора собиқ муҳоҷирони меҳнатӣ, ки шаҳрвандии Федератсияи Россияро ба даст овардаанд, дохил намешаванд.

Ин кишвар ҳудуди 10 миллион нафар аҳолӣ дорад ва аз се як ҳиссаи шаҳрвандонаш дар Федератсияи Россия ҳастанд”-навиштааст РАНХиГС. Депутатҳои рус аз он дар ташвишанд, ки шумораи худи русҳо торафт камтар шуда, ҷояшонро бегонагон мегиранд.

“Муҳоҷирон ҳолати фоҷиавии камшавии таваллудро дар Россия ислоҳ карда истодаанд, вале тибқи маълумотҳои Росстат дар ду даҳсолаи наздик аҳолии таҳҷоии Россия бо шиддати 500 ҳазор нафар дар як сол кам шудан мегирад.

Ҳамин тавр то нимаҳои дуюми асри ХХ1 мо ҳудуди 12,7 млн нафарро аз даст медиҳем, зеро дар Россия омори марг нисбат ба таваллуд хеле зиёд аст”-навиштааст Moscowtimes дар такя ба гуфтаҳои депутатҳои Думаи давлатии Россия.

Шумораи воқеии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Федератсияи Россия чи қадар аст? Барои ба ин савол посух гирифтан мо ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муроҷиат намудем.

Тибқи маълумотҳое, ки ин ниҳод пешниҳод кардааст, дар 9 моҳи соли 2023 омори рафту омади муҳоҷирони меҳнатии тоҷик 417 ҳазору 928 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 401 ҳазору 91 нафар ба Федератсияи Россия ва 14 ҳазору 167 нафар ба Ҷумҳурии Қазокистон сафар кардаанд.

Бояд гуфт, ки рафтуомади муҳоҷирон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11, 2% камтар шудааст. Шумораи муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта бошад, 483 ҳазору 271 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2022 ҳудуди 33, 5% бештар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД