Arzon march 2024
3 садамаю 5 қурбонӣ
27.03.2023
ОИЛА
1393



Наҷибуллои 33-солаю Ҳилолиддини 29-сола бо дулан ба сафар баромада, ҳатто ба гӯшаи хаёлашон ҳам намеоварданд, ки осмони софу беғубори баҳорӣ ва гулу сабзаҳои наврӯзиро дигар ҳаргиз нахоҳанд дид...

Вазорати умури дохилии кишвар аз марги фоҷиавии 5 нафар дар рӯзҳои ҷашни наврӯзи оламафрӯз дар Тоҷикистон хабар додааст. Тавре ки манбаъ менависад, тайи рӯзҳои истироҳат бар асари 3 садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Кӯлоб ва як садамаи дигар дар ноҳияи Восеъ 5 нафар ҷон бохтаанд. Аз ҷумла рӯзи 25-уми март, тахминан соатҳои 15:30-дақиқа, ронандаи мошини боркаши тамғаи “Дулан”, Муродализода Маҳмадалии Муродалӣ, соли таваллудаш 1984, сокини деҳаи Заргари шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҳангоми наздик шудан ба ҳудуди шаҳри Кӯлоб, ба сабаби аз кор баромадани механизми тормози мошинаш аз уҳдаи идора намудани нақлиёт набаромада, тавассути роҳи маҳаллаи 1-уми Май ба самти муқобили ҳаракат баромада, дар маҳаллаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб ба дарахтони сояафкани канори роҳ бархӯрдааст.

Дар натиҷа мошин худи ронанда Муродализода М.М ва мусофирони мошин Мудинов Наҷибулло Абрординович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Душанбе ва Шарипов Ҳилолиддин Мирзораҳимович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Айнӣ бо ҷароҳатҳои зиёд ба беморхона интиқол дода шуданд, вале бадбахтона Мудинов Н.А ва Шарипов Ҳ.М. аз сабаби ҷароҳатҳои вазнини бардоштаашон ба ҳалокат расиданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД