Arzon march 2024
4 солу 101 дуои сафед
18.05.2023
ОИЛА
527

Имрӯз «Оила», сомонае, ки минбари розу ниёзи садҳо одамон гаштааст, милод дорад. 4 сол қабл, маҳз дар ҳамин рӯз, яъне 18 майи соли 2019 дар заминаи ҳафтаномаи овозадори «Оила» сомонаи «Оила» бо суроғаи https://oila.tj/ ташкил ёфт.

Ёдам меояд, ки ҳамон шабу рӯз дар фазои иттилоотии кишвар чандин сомонаҳои нав арзи ҳастӣ намуда, муштариёни зиёде ҳам доштанд. Вақте «Оила» таъсис ёфт, сару садоҳо дар атрофи сомона хеле зиёд буданд. Баъзеҳо ҳадс мезаданд, ки он умри дароз нахоҳад дид. Буданд афроде, ки ошкоро мегуфтанд, сомонаи … хеле машҳур шудааст, сомонаи ... сарпарасти пурқудрат дорад, сомонаи ...-ро ташкилотҳои бонуфуз дастгирӣ мекунанд, дар байни ин баҳри пуртуғён шумо ба зудӣ ғарқ мешавед, вале...

Аҳли эҷоди сомона, новобаста ба ин “пешгӯиҳо”, бо дасту дили гарм ба кор машғул шуданд. Ҳамин буд, ки дар як муддати хеле кӯтоҳ «Оила» дар фазои интернет шӯҳрат ёфт, хонандаи худ, муштарии доимии худро пайдо кард. Ҳамагӣ дар бадали ду-се моҳи аввали фаъолият шумораи хонандагон ба 14 ҳазор нафар расид ва ин сомона ба минбари розу ниёзи мардум мубаддал гашт.

Акнун ҳамарӯза даҳҳо одамоне, ки бо беадолатӣ рӯ ба рӯ гашта, аз кӣ имдод пурсиданашонро намедонанд, дари моро мекӯбанд. Ҳайати эҷодии «Оила» тибқи имкон ба мушкили онҳо расидагӣ мекунад. Хушунати хонаводагӣ, зӯроварӣ алайҳи занону духтарон, афзоиши талоқу пайомадҳои ногувори он, ҳаёти сангини модарони танҳову кӯдакони зиндаятим, муҳоҷират ва мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз мавзуъҳои марказии «Оила» гаштанд, вале дар баробари ин, сомона маводи зиёди маърафатӣ, динӣ ва фарҳангиро низ нашр менамояд.

Наворҳоеро, ки аз рӯзгори пурмоҷарои афроди дар чорсӯйи зиндагӣ дармонда таҳия ва дар ютуб-сафҳаи «Оила» нашр мешаванд, садҳо одамон тамошо карда, назари худро менависанд. Дар бештари маврид далелҳои дар ин барномаҳо садодода аз ҷониби мақомот санҷида шуда, ҳақиқат рӯйи об мебаромад ва гунаҳкорон ба сазои амали худ мерасиданд.

Танҳо навори марги пурасрори келинчаки панҷакетиро дар бадали як шабонарӯз зиёда аз 500 ҳазор нафар тамошо карданд ва тавассути ин барнома парвандаи басташуда дубора боз гардид.

Чунин ҳодисаҳо қариб ҳар ҳафта рӯй медиҳанд ва афроди корафтода, ки мушкилашон туфайли «Оила» ҳалли худро меёбанд, бо дуои сафед ба журналистон арзи миннатдорӣ мекунанд. Аҳли эҷоди сомона аз он ки тавассути нигоштаву барномаҳои мо ҳақ ба ҳақдор расида, адолат тантана мекунад, курта-курта гӯшт гирифта, бо тамоми ҳастӣ аз паси кушодани чунин чигилиҳо мешаванд.

Муносибати сомона бо аҳли ҳунар низ хеле гарм аст. Қариб ҳар рӯз дар саҳифаҳои «Оила» ва ютуб-саҳифаи он маводди хонданбобу сӯҳбатҳои ҷолиб бо аҳли ҳунар нашр мешаванд. Аммо, дар ин миён беҳтарин коре, ки «Оила» кард, ин роҳандозии лоиҳаи “Умеди охирин” буд. Ин лоиҳа ягон сарпараст надошт ва онро редаксия танҳо бо қувваи худ амалӣ менамуд, вале танҳо соли 2020 бо шарофати барномаи “Умеди охирин” қариб 50 оилаи камбизоат, ки дар шароити вазнинтарин умр ба сар мебурданд, соҳиби хонаҳои наву замонавӣ гаштанд. Ҳамзамон, мушкили садҳо ятиму бенавою бечораи дигар ҳалли худро ёфт ва «Оила» ба даргоҳи умеди дармондагон мубаддал гашт.

Мо аз соҳибкорони дарёдили тоҷик Исмоили Муҳаммадзоир, Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов, Раҳими Ғармӣ ва дигар афроди хайрхоҳ, ки ба қаҳрамонони барномаи “Умеди охирин” дасти кӯмак дароз карданд, сидқан арзи сипос ва миннатдорӣ баён менамоем. Ҳамчунин, ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки ба ҳаёти душворашон дар мулки ғурбат нигоҳ накарда, дасти қаҳрамонони моро мегирифтанд ва ба онҳо кӯмак мекарданд, садҳо таҳсину офарин мегӯем ва дуо мекунем, ки Худованд ҳамеша ёру ёвар ва мададгорашон бошад.

Аз касе пӯшида нест, ки ягон кор бе камбудӣ намешавад, баъзан мо ҳам ба баъзе хатоҳо роҳ медиҳем ва ба ном “дӯстонамон” ба чор тараф доира навохта, аз ин ҳангома месозанд, вале сомонаи «Оила» мисли корвоне, ки танҳо ба пеш, ба сӯйи манзили мақсуди худ равон аст, роҳи худро идома медиҳад, зеро рисолати он ҳамдами мардуми тоҷик будан аст.

Бори дигар милоди сомонаро ба тамоми хонандагон, шарикон, ҳамкорон, мухлисон, дӯстон ва ҳаворони «Оила» муборакбод мегӯем! Мо бо ҳамроҳӣ ва дуои неки шумо дар фазои иттилоотии кишвар фаъолият дорем!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД