Arzon march 2024
438 000 сомонӣ кумакпулӣ барои иштирокчиёни ҶБВ ва ақибгоҳ
06.05.2025
Oila.tj
173

Бо қарори раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои расонидани ёрии яквақтаи моддӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ақибгоҳ 438 000 сомонӣ ҷудо гардидааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, ёрии яквақта ба муносибати 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба 51 нафар иштирокчии ақибгоҳ ба миқдори 8000 сомонӣ ва 2 нафар иштирокчии ҶБВ ба миқдори 15 000 сомонӣ расонида хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 51 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат, ки солҳои ҷанг дар ақибгоҳ кор кардаанд, умр ба сар мебаранд. Аз ҷумла, 6 нафар дар ноҳияи Ашт, 3 нафар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 1 нафар дар шаҳри Бӯстон, 5 нафар дар ноҳияи Деваштич, 1 нафар дар ноҳияи Зафаробод, 17 нафар дар шаҳри Истаравшан, 1 нафар дар шаҳри Исфара, 1 нафар дар шаҳри Панҷакент, 4 нафар дар шаҳри Хуҷанд, 1 нафар дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, 11 нафар дар ноҳияи Шаҳристон зиндагӣ доранд.

Ду нафар иштирокчии ҶБВ дар ноҳияи Деваштич умр ба сар мебаранд. Яке Бибола Рӯзиматови 101-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ғазантарак ва дигаре Нозим Носирови 100-сола, сокини ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич мебошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД