Arzon march 2024
5 ғалати маъмулӣ дар табобати сулфа
2585

Ҳамин ки фасли тарамоҳ фаро расида, ҳаво каме сард шуд, бо андак шамол хӯрдан сулфаи шадид аксари одамонро домангир мешавад. Сулфа метавонад нишонаи бемориҳои ҷиддӣ бошад, зеро ҷисми мо бо ҳамин роҳ аз пайдоиши мушкилоти ҷидӣ дар шуш ва дигар узвҳои роҳи нафас дарак медиҳад.
Аслан сулфа як навъ механизми тоза кардани организм аз балғам буда, ҷисми инсонро ба қавле поккорӣ менамояд, вале табиист, ки сулфа задан ба ягон кас хуш намеоя. Одатан баробари саршавии сулфа мо ба дорухона медавем ва дониставу надониста аз пеши худ дорӯву даво мехарем, то ҳарчи зудтар аз сулфа халос шавем, вале ин комилан нодуруст аст.
Имрӯз мо ба шумо дар бораи 5 ғалати маъмулӣ қисса мекунем, ки одамон ҳангоми табобати сулфа ба ин хатогиҳо роҳ дода, ба ҷойи шифо ёфтан, баръакс ба саломатии худ зиён мерасонанд.
Ба балғам диққат диҳед
Қабл аз он ки дар бораи хатогиҳо дар табобати сулфа маълумот диҳем, бори дигар таъкид карданием, ки пайдоиши сулфа нишонаи бемориҳои гуногуни роҳҳои нафас аст. Дар аксари ҳолатҳо шахсе, ки месулфад, балғам низ дорад. Аз рӯйи шакли балғам фаҳмидан мумкин аст, ки мушкилот маҳз дар кадом узв аст ва шумо ба чӣ беморӣ мубтало гаштаед. Инак:
1. Балғами ғафсу часпак аз шамолкашии роҳҳои нафас дарак медиҳад. Ин навъи балғам дар гирифторони касалии астма низ дида мешавад.
2. Балғам ба зардоб монанд бошад, донед, ки бактерияҳо ба ҷисми шумо роҳ ёфтаанд.
3. Балғами пардадор аз варам кардани шуш дарак медиҳад.
4. Балғами хунолуд бар асари саратони шуш ва касалии сил пайдо мешавад.
Дар ёд доред, ки новобаста ба шаклаш балғамро ҳарчи зудтар аз шуш ва роҳҳои нафас баровардан лозим аст. Дар сурати табобати нодуруст ё аслан табобат накардан балғам ҷамъ шудан мегирад ва ин метавонад боиси маҳкамшавии роҳҳои нафас гашта, то ба фоҷиа оварда расонад.
Ғалатҳо дар табобати сулфа
Акнун дар бораи хатогиҳое сӯҳбат мекунем, ки одамон зимни табобати сулфа роҳ медиҳанд. Ин ғалатҳоро ислоҳ намуда, шумо бемориро аз решааш табобат мекунед ва зудтар шифо меёбед.
Ғалати 1
Хӯрдани дорӯҳое, ки шиддати сулфаро паст мекунанд
Мариз гумон мекунад, ки мушкилоти ӯ дар сулфа аст ва агар аз он раҳоӣ ёбад, ҷонаш халос мешавад. Аз ҳамин хотир дорӯҳои зидди сулфаро истифода мебарад. Дар асл сулфа ба сари худ беморӣ набуда, бештар бар асари балғам пайдо мешавад ва ин як роҳи тоза шудани ҷисм аз балғам мебошад. Аз ҳамин хотир хӯрдани дорӯҳои зидди сулфа зимни сулфаи балғамдор мумкин нест, чунки ин дорӯҳо монеъи баромадани балғам аз шуш ва роҳҳои нафас мегарданд. Дар натиҷа балғам дар организм ҷамъ мешавад.
Роҳи дуруст:
Пеш аз ҳама шуш ва роҳҳои нафасро аз балғам тоза кардан лозим аст. Барои ин шумо бояд доруҳои балғамбарор хӯред.

сироп

 

Ғалати 2
Табобати сулфа бо антибиотикҳо
Бисёриҳо гумон мекунанд, ки антибиотикҳо таъсири мӯъҷизавӣ доранд ва дар муддати кӯтоҳ одамро аз тамоми бемориҳо наҷот мебахшанд. Дар асл худсарона истифода бурдани антибиотикҳо ба саломатии инсон зарар дошта, метавонад боиси вайрон шудани микрофлораи рӯдаҳо, авитаминоз, вайроншавии кори ҷигар ва гурда гардад.
Роҳи дуруст:
Маъмулан антибиотикҳоро танҳо дар сурати хислати бактериалӣ доштани сулфа, масалан зимни бемории пневмания истифода мебаранд. Аз ҳамин хотир бе маслиҳати духтур антибиотик нагиред.
Ғалати 3
Хӯрдани дорӯҳои балғамбарор барои табобати сулфаи хушк
Аксарият гумон мекунанд, ки сулфаи хушк нишонаи бемориҳои вирусӣ аст, аммо сарчашмаи беморӣ метавонад тамоман дигар бошад. Ҳолатҳое мешаванд, ки одам сулфад ҳам, дар асл дар организм балғам нест. Дар ин ҳол харидани хӯрдани дорӯҳои балғамрон танҳо сарфи беҳудаи маблағ асту халос.
Роҳи дуруст:
Пеш аз он ки дорӯ харед, аввал ба духтур рафта, сабаб ва сарчашмаи сулфаро аниқ намоед ва танҳо бо тавсияи табиб табобат бигиред. Сараввал духтур сарчашмаи бемориро муаян мекунад. Сулфа бар асари шамолхӯрӣ пайдо шуда бошад, антибиотик таъин мекунад. Сабаби сулфа аллергия бошад, бояд дорӯғҳои зидди ҳассосият гиред. Гоҳо чунин ҳам мешавад, ки сулфа бо сабаби асабонияти ашид пайдо мешавад. Дар чунин ҳолат ба табиби асабшинос муроҷиат намуда, барои ором шудани асаб дорӯҳои махсуси оромкунанда гирифтан лозим аст. Асаб, ки ором шуд, сулфа худ аз худ мегузарад.
Ғалати 4
Истифодаи давоҳои носанҷидаи халқӣ
Дар ҳақиқат баъзе давоҳои халқӣ метавонанд дар табобати сулфа ёрӣ расонанд, вале аз пеши худ нафаҳмидаву насанҷида ҳар хел гиёҳ ва алафҳоро хӯрдан мумкин нест. Чаро?
Аввалан ҷисми шумо метавонад ба ин гиёҳҳо ҳассосият дошта бошад ва истеъмоли ин ё он гиёҳ боиси аллергия гашта, ба болои як мушкил мушкили дигарро зам намояд.
Дуюм: Танҳо бо гиёҳ ва алафҳо сулфаро 100% табобат карда намешавад.
Роҳи дуруст:
Бо худтабобаткунӣ машғул шуда, барои табобати сулфа ҳар хел алафҳоро аз пеши худ истифода набаред. Дар ёд дошта бошед, ки аввал ба назди духтур рафта, сабаби сулфаро аниқ кардан лозим аст. Дар рафти табобат дар қатори дорӯҳое, ки духтур мефармояд, бо маслиҳати табиб баъзе давоҳои санҷидашудаи халқиро истифода бурдан мумкин аст.
Ғалати 5
Шабона хӯрдани дорӯҳои балғамбарор
Барои он ки зудтар аз балғам халос шаванд, баъзе маризон дар як рӯз чанд маротиба дорӯҳои гуногуни балғамронро истеъмол мекунанд, ки ин ғалати маҳз аст. Чаро?
Аввалан: Аз миқдор зиёд истифода бурдани дорӯ метавонад боиси заҳролудшавии ҷисм гардад.
Дуюм: Бо хӯрдани доруи бисёр балғам ба зудӣ аз организм намебарояд. Барои он ки ҷисми шумо аз балғам тоза шавад, вақти муайян лозим аст, то балғамтунук шавад ва аз роҳҳои нафас барояд.

сироп

Роҳи дуруст
Дорӯҳоро тибқи меъёре, ки табиби муайян кардааст дар вақту соати аник истифода баред. Шабона дорӯҳои балғамрон нахӯред, зеро ором хобида наметавонед. Табибони пулманолог мегӯянд, ки балғам субҳгоҳон хубтар аз организм хориҷ мешавад, агар якнима хоб равед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД