sebiston july new
5-амале, ки бо мӯйи тар иҷро кардан манъ аст
1104

 

Бо мақсади нигоҳубини мӯй ва мустаҳкаму ҷиллонок карданаш шампунҳои гаронбаҳову ниқобҳои нав ба нав, балзаму дигар намуди малҳаму маҳлулҳои беҳтаринро ба кор бурдан мумкин аст, вале ҳолатҳое мешавад, ки аз баъзе хатогиҳои кӯчаке, ки ҳамарӯза мо ба он роҳ медиҳем, ҳолати мӯйҳо вобастагии сахт доранд.

Хусусан нодуруст амал кардан ҳангоми тар будани мӯйи сар хатарнок аст, чун дар ин вақт мӯй заифу бе ҷон мегардад. Агар шумо ба панҷ ғалати мазкур роҳ надиҳед, мӯятон ғафсу бақувват мегардад.

Ғалати 1: Мӯйро тар нигоҳ надоред
Ақидаи маъмуле, ки мӯйи тар ва навшуста бояд аз ҳарорати ҳавои хона хушк шавад, на ҳамеша қобили қабул аст. Мӯйи тарро баъди саршӯӣ бо сачоқ хушконидан лозим аст, ба ҳеҷ ваҷҳ бо сари тар хоб наравед. Аз молидани сар ба болишт мӯй ба зудӣ мерезад.


Ғалати 2: Мӯйро ҳангоми саршӯӣ шона накунед
Аксари машшотаву мутахассисони соҳаи нигоҳубини мӯй тавсия медиҳанд, ки ҳангоми саршӯӣ аз шонаи махсус истифода бурдан лозим аст. Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки баъди молидани балзам мӯйро шона кунед. Дар ҳақиқат баъди ин амал мӯйҳо пурҷилло мешаванд, вале кӯшиш намоед, ки сарро аз решаи мӯйҳо шона накунед. Дар аввал мӯйҳоро бо ангуштон ҷудо карда, баъдан аз нӯги мӯйҳо сар карда, шона кунед, вале шонаро ба пӯсти сар нарасонед.

Ғалати 3: Мӯйро набандед
Ҳатто мӯйҳои хушк баъди бо резин баста шудан осеб меёбанду заиф мегарданд, вале вақте мӯйи тарро бо резин мебандед, ду карат зиёдтар зарар мебинед. Вақте ки сар шуста аз ҳаммом мебароеду мӯйи худро бо резин мебандед, ин барои худатон қуллай аст, вале дар ин ҳолат мӯйҳо гирифтори фишори сахт шуда, аз кашиши сахт канда мешаванд.

Ғалати 4: Мӯйи тарро фен накунед
Фен ва ҳама гуна асбобҳои барқие, ки бо истифодаи он мӯйҳо хушконида шуда ё ороиш дода мешаванд, то 100 дараҷа мӯйро тасфонида, оби дар таркиби мӯй бударо ба ҷӯшидан мерасонанд. Қабл аз ороиш додани мӯй ё истифодаи фен беҳтар аст, ки каме мӯйро бо сачоқ молида, муддати 10-15 дақиқа обашро бо сачоқ хушконед. Дар ин муддат бо корҳои дигари худ машғул шавед.

Ғалати 5: Барои хушконидани мӯй равғанро истифода набаред
Аксари бонувон барои ғизо додани решаҳои мӯй ҳар гуна равғанҳои табобатиро истифода мебаранд. Равғанҳои махсус пулакчаҳои пӯсти сарро маҳкам карда, боиси ҳамвору ҷиллонок гаштани мӯйи сар мегарданд. Вале вақте ки равған ба мӯйи тар молида мешавад, ҳангоми хушконидану истифода фен равған сохти мӯйро аз дохил вайрон месозад. Беҳтараш баъд аз хушконидани мӯйи сар, як қатра равғанро дар кафи даст гарм кунонида, бо ҳаракатҳои маҳин ба мӯйи сар молед ва баъди ду дақиқа шона кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД