Фасли тирамоҳ қариб ба охир расида истодааст ва ҳаво рӯз то рӯз сардтар мешавад. Бо сабаби тез-тез тағйир ёфтани ҳарорати ҳаво ба осонӣ ба зуком ва бемориҳои тирамоҳию зимистона гирифтор шудан мумкин аст. Дар ин айём ба саломатии худ диққати ҷиддӣ дода, бештар он хӯрданиҳоеро бояд истеъмол намуд, ки системаи муҳофизатии организм-иммунитети инсонро пурқувват месозанд, то ки ҷисм ба муқобили ҳар хел вирусу микробҳо мубориза бурда тавонад. Саломатии худро муҳофизат ва бемориҳои гуногунро пешгирӣ кардан хоҳед, муттаваҷҷеҳ бошед!
Ғизои солим дар фасли тирамоҳ
Дар фасли тирамоҳ, ки мавсими шамолкашӣ ва зуком мебошад, аксари одамон ғизоҳои махсус ё иловаҳои витаминӣ меҷӯянд, зеро боварӣ доранд, ки бо кӯмаки 3-4 хӯрданӣ аз қабили меваҳои ситрусӣ, чой бо лимӯ ё асал ва витамини С иммунитетро баланд бардоштан мумкин аст. Аммо системаи иммунии инсон мураккаб хеле буда, аз бисёр омилҳо вобастагӣ дорад, бинобар ин, дар фасли тирамоҳ ҳаёти солим ба сар бурда, ғизоеро бояд истеъмол намуд, ки аз маҷмуъи витамин ва минераҳо иборат ва талаботи ҷисмро ба пуррагӣ қонеъ гардонида метавонад.
Меваҳои ситрусӣ хӯред!
Дар фасли тирамоҳ бештар меваҳои ситрусӣ хӯрдан лозим аст, зеро лимӯ, апельсин, грейпфрут аз витамини С ва дигар моддаҳои муфид бой мебошанд. Витамини С дар барқарорсозии бофтаҳои инсон нақши муҳим дошта, ба истеҳсоли баъзе нейротрансмиттерҳо-моддаҳое, ки импулсҳоро аз ҳуҷайраҳои асаб ва байни нейронҳо интиқол медиҳанд, мусоидат менамояд. Витамини мазкур барои фаъолияти мӯътадили ферментҳои муҳим дар бадан ва пурқувват гаштани иммунитет хеле муҳим аст.
Кислотаи аскорбин як антиоксиданти аъло мебошад. Аҷоибаш он аст, ки ҷисми ҳайвонот метавонад витамини C-ро худаш синтез кунад, аммо одамон бояд онро аз манбаъҳои ғизоӣ бигиранд.
Брокколӣ манбаъи витаминҳост, вале...
Ин сабзавот ба оилаи карам дохил шуда аз витамину минералҳое, ки барои саломатии инсон бениҳоят зарур мебошанд, бой аст. Дар таркиби брокколӣ витаминҳои A, C ва E хеле зиёданд, вале қисми зиёди моддаҳои муфиди он, ки арзиши баланди ғизоӣ доранд, дар ҳарорати баланд ё дар натиҷаи зиёд ҷӯшидан гум мешаванд. Дар тарикиби он ҳамчунин витамини К зиёд аст. Ин витамин барои синтези сафедаҳои муайяне лозим аст, ки барои лахташавии хун лозиманд. Витамини К дар мубодилаи калсий дар устухонҳо ва бофтаҳо низ зарур аст.
Анор
Анор аз витамини В 6 бой мебошад. Ин витамин дар зиёда аз 140 реаксияҳои организм ва мубодилаи аминокислотаҳои муайян, глюкоза ва липидҳо иштирок мекунад. Дар таркиби анор ҳамчунин витамини В 12 вуҷуд дорад, ки барои кори муътадили системаи асаб ва ҷигар фоида дорад. Шарбати анор ба ҷисми инсон дар мубориза бо вирусҳои гуногун ва зуком кӯмак мерасонад. Шарбати анор-манбаъи асосии антиоксидантҳост.
Каду
Дар таркиби каду антиоксидантҳои зиёде мавҷуд буда, ба саломатии дилу рагҳо фоида дорад. Он фишори хунро ба танзим дароварда, сатҳи холестиринро паст мекунад ва ва устухонҳоро пурқувват месозад. Каду мисли сабзӣ дорои витамини А мебошад, ки ба саломатии чашм таъсири мусбӣ мерасонад. Каду манбаъди зебоӣ буда, барои нигоҳ доштани чандирии пӯст кӯмак мекунад. Донаки каду бошад, дар таркибаш сафедаҳои муфиди бисёре дорад.
Бодом
Бодом аз витамини Е бой буда, ҷузъи муҳими системаи иммунии инсон мебошад. Созмонҳои байналмилалие, ки дар самти тиб ва ғизои солим фаъолият менамоянд, тавсия медиҳанд, ки одамон дар як шабонарӯз 7-15 мг витамини Е истеъмол намоянд.
Бодом инчунин аз равғанҳои солим, нах, сафеда ва микроэлементҳо, аз қабили магний бой аст. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки моддаҳои дар таркиби бодом мавҷуд буда метавонанд ба паст кардани сатҳи қанди хун, фишори хун ва холестирин таъсири мусбӣ расонанд.