sebiston july new
5-маслиҳати муфид дар бораи оростани дастурхони солинавӣ
488


Дастархонороӣ дорои этикаи махсус буда, вобаста ба ҷашну маросим ва меҳмондорӣ ба тарзҳои гуногун омода карда мешавад.

Албатта ҳар як оила расму русуми худро дорад, вале имсол дар шаби “Соли Нав” ба анъанаҳои оилавиатон андак дигаргуниву навгонӣ ворид намоед. Таомҳое, ки барои хони шаби солинавӣ аз рӯи табъу завқи ҳокими сол таҳия мегарданд, ба хонадон файзу баракат меоранд.

Ширину хотирмон гузаштани ҷашни соли нав аз бисёр ҷиҳат ба ҳунар ва маҳорати кадбонуи хонадон вобаста аст. Бонувоне ҳастанд, ки бо сарфу хароҷоти начандон зиёд хони шоҳона меороянд, вале зан бе ҳунар бошад, бо омода кардани хӯрданиҳои лазиз низ дастурхон зебу зиннат пайдо намекунад. Барои дуруст чидани мизи идона ва оро додани дастурхони солинавӣ баъзе қоидаҳоро ҳатман донистан ва риоя кардани хонумҳо зарур аст.

1. Дар дастархони солинавӣ бояд ҳатман хӯришу ассорти, нон ё кулча, моҳибирён, мурғи пӯхташуда, гӯштбирён ё сихкабоб бошад.
2. Дар дастурхони идона мевагӣ, торту ҳаргуна кучақандҳо, шоколоду донагӣ ва кампоту нӯшокиҳо гузошта шавад, нуран ало нур мешавад.
3. Азбаски имсол соли моҳӣ аст, хуб мешавад, ки дар хони солинавӣ моҳии бирён гузоред. Фақат як нуқтаро фаромӯш накунед, агар хони худро бо моҳибирён зиннат доданӣ бошед, моҳиро майда накунед, балки дар шакли бутун пазед. Моҳии бутун зеботар ба назар мерасад ва мизи оростаи шуморо бисёр бошукӯҳ ҷилва медиҳад.
4. Мурғи дар тафдон пӯхташуда, сихкабоб ва моҳибирён барои пешвозгирии соли нави мелодӣ беҳтарин ғизоҳо ба шумор мераванд.
5. Хӯришҳои тайёркардаатонро бо шохчаҳои арча оро диҳед ва ҳатман дар рӯи хон зарфи чӯбин гузоред.
Акнун тарзи тайёр кардани чанд хӯроки гӯштии идонаро ба шумо пешкаш месозем, то ки дастурхони солинавиатон бомазза ва соли наватон хотирмон гузарад.
КАБОБИ ДЕГӢ
Маҳсулоти лозима:
Картошка – 200 грам;
Гӯшти гов – 350 грам;
Қаланфури булғорӣ – 1 дона;
Сирпиёз – 1 дона;
Пиёз – 1 дона;
Хушбӯйкунандаҳо аз рӯи тамъ;
Равғани растании олейна - 100 грам;
Тарзи таҳия:
Картошкаи яклухтро ба даруни равған андохта бирён мекунем. Дар деги алоҳида гӯшти намак нокардаро ба равған андохта, дар алави паст ба муддати 1–1,5 соат мепазем. Баъд аз он, сирпиёз, пиёз, қаланфури булғорӣ ва аз рӯи тамъ хушбӯйкунанда илова карда мешавад. Гӯшт, ки омода шуд, ба болои он картошкаи бирёншударо меандозем ва тайи 25 дақиқа дам медиҳем. Кабоби дегӣ омода шуд!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД