Muhojirati behatar
5 мушкили пӯст дар тирамоҳ
320


Бо фаро расидани тирамоҳ ҳарорати ҳаво низ рӯзона ва шабҳангом тағйир меёбад. Гарму хунукшавии ҳаво сабаби сар задани мушкилоти пӯст мегардад.

Мо панҷ мушкилии маъмултаринеро пешниҳоди шумо мегардонем, ки дар тирамоҳ сади роҳи зебоии зан мегардад.

Мушкили аввал: ҳассосияти пӯст ва равғаннокӣ
Аввали тирамоҳ ҳавои хушк ва ивазшавии ҳарорати ҳаво боиси он мегардад, ки пӯст хушк мегардад, вале пӯсти пешониву зерманаҳ ҷилло пайдо мекунад.
Чӣ бояд кард: Пӯстро аз ифлосиву косметика нағзакак тоза карда, аз маҳсулоте, ки боиси равғанин шудани пӯст мегардад, худдорӣ намоед ва ҳатман ҳамарӯза ба пӯсти рӯй малҳами нармкунанда молед.
Масалан, пӯстро бо гиёҳоб тоза кунед. Барои пӯсти равғанин гиёҳоби календула, чойкаҳак (зверобой), мармарак ва газна (крапива) мувофиқанд. Барои пӯсти хушк бошад, гиёҳоби бобуна, пудина ва мелиса молед.
Мушкили дуюм: наракҳои гулобӣ (розацея)
Агар шумо шамол накашида бошеду бо таби баланд дар хона хоб набошед, пайдоиши наракҳои гулобӣ нишонаи он аст, ки пӯст аз ҳад зиёд ҳассос гаштаву илтиҳоб сар шудааст. Бояд аз амалиётҳои поккунанда ва истифодаи скраб худдорӣ намуда, танҳо малҳам барои пӯсти ҳассосро ба кор баред.
Барои табобати наракҳои гулобӣ докачаеро дар шарбати дӯлона (клюква) ё маҳлули календула тар карда, ба рӯи наракҳо гузошта, то хушкшавияш нигоҳ бояд дошт.
Мушкили сеюм: маҳлулҳои табобатӣ таъсирнокии худро гум мекунанд
Агар шумо диққат дода бошед, дар тирамоҳ малҳамҳои нигоҳубинкунандаи пӯст таъсири хуб намерасонанд. Сабаб дар он аст, ки дар тирамоҳ метаболизми пӯст суст мегардад. Аз ин рӯ, қабл аз молидани малҳам сараввал онро дар кафи даст гарм кунонед ва баъдан бо ҳаракатҳои кӯбанда ба пӯст молед. Дар ин ҳолат пӯст малҳамро хуб меҷабад.

Мушкили чорум: табобати пӯсти дар офтоб сӯхта
Мехоҳед дар тирамоҳ пӯсти аз офтоб сӯхтаро табобат кунед? Тирамоҳ барои барқарор сохтани пӯст ва сафед кардани пӯсти дар офтоб сӯхта вақти мунсиб аст. Фаромӯш насозед, ки пӯст ба нармкунонии бошиддат ниёз дорад, танҳо баъд аз мунтазам молиданималҳами нармкунанда шумо ба натиҷаи дилхоҳ муяссар мегардед.

Мушкилоти панҷум: лабҳои хушк ва пӯсти кафида
Ҳавои сарди тирамоҳ ва шамол пӯсти нозуку мулоими лабҳоро ба зудӣ хушк мекунонад. Барои ҳамин нигоҳубини лабҳоро фаромӯш насозед. Гап сари на танҳо истифодабарии балзам меравад, пӯсти лаб ниёз ба малҳамҳои ғизобахш дорад.
Барои он ки пӯсти лаб накафад, аз ниқоби фаллагину шарбати сабзидор истифода баред. Як қошуқ фалла (творог)-ро бо чанд қатра шарбати сабзӣ омезиш дода, ба лаб моледу 5-10 дақиқа нигоҳ доред. Ниқоби дигарро бо истифода аз равғани зайтун ва шарбати сабзӣ (1:1 барои 5 дақиқа) омода созед. Асалро низ ба лаб молида, 20 дақиқа молидан кифоя аст, ба шарте ки аз асал аллергия надошта бошед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД