arzon replenishment
5-роҳи осони пул кор кардан барои донишҷӯён
2330

Шумо донишҷӯ ҳастед ва аз зиндагӣ бо идрорпулӣ (стипендия) хаста шудаед? Маҷбуред, ки ҳамеша байни пардохти манзил, хароҷотҳои таҳсил, либосворӣ, хурду хӯрокатон ва вақтхушӣ якеро интихоб кунед? Пас маслиҳатҳои мо маҳз барои шумост!

Ба умеди падару модар нашавед!

Бепулӣ мушкилест, ки аксари донишҷӯён дар давраи таҳсил дар макотиби олӣ бо он рӯ ба рӯ мегарданд. Албатта падару модар кӯшиш мекунанд, ки ба фарзанди донишҷӯяшон ба қадри имкон кӯмак расонанд, вале тамоми хароҷотҳоро бар дӯши волидон бор кардан низ аз рӯйи инсоф нест.

Донишҷӯ бояд роҳҳои ба даст овардани маблағро ёд гирифта, каму беш худаш низ пул кор кунад. Биёед мебинем, ки донишҷӯён фориғ аз дарс бо чӣ корҳо машғул шуда метавонанд.

Суратгир

Дар рӯзҳои истироҳат шумо метавонед дар тӯю маърака ва ҷашну маросимҳо ҳамчун суратгир иштирок намуда, пули хуб кор кунед. Телефонатон камераи хуб дошта бошад, бе дастгоҳи махсуси аккосӣ метавонед суратҳои хуб ва босифат бигиред.

Кӯмак ба мактаббачагон

Ба мактаббачагон дар тайёр кардани вазифаи хонагӣ кӯмак кунед. Метавонед ба онҳо барои дохил шудан ба муассисаҳои олӣ ёрӣ расонед. Агар ягон забони хориҷиро донед, дар вақтҳои холигиатон ба бачаҳо ба таври иловагӣ забон омӯхта, маблағи муайян ба даст оварда метавонед.

Оператор ё мушовири онлайн

Ширкатҳои хизматрасонии таксӣ, бонкҳо ва мағозаҳои онлайн бо хушнудӣ операторони дурдаст ва мушовирони онлайнро ба кор қабул мекунанд. Ин кори оддӣ аст. Тавассути Skype мусоҳиба намуда, қоидаҳои муколамаро омӯзед. Маъмулан меъёри стандартӣ 21 соат дар як ҳафта аст.

Ба рӯзномаю маҷаллаҳо ҳамкорӣ кунед

Барои он ки бе стипендия намонед ва аз донишгоҳ хориҷ нашавед, шумо бояд дар ҳама лексияҳо иштирок кунед ва сессияатонро хуб супоред, вале ин маънои онро надорад, ки донишҷӯ наметавонад дар ягон ҷо кор кунад. Шумо метавонед ба сифати мухбири ғайри штатӣ дар ягон рӯзнома ё маҷалла кор кунед. Расман кор кардан нахоҳед ҳам, имкон доред, ки бо васоити ахбори омма ҳамкорӣ карда, барои ҳар як маводи навиштаатон ҳаққи қалам, яъне ганорар бигиред.

Пешхизмат шавед!

Шумо пас аз хатми мактаб дар ягон ҷо кор накардаед ва малакаю таҷрибаи корӣ надоред? Рӯҳафтода нашавед. Метавонед дар ягон ошхона ё тарабхона ба сифати пешхизмат кор кунед. Маъмулан тарабхонаҳо бегоҳ кор мекунанд ва шумо имкон доред, ки ҳам дарс хонед ва ҳам кор карда, маблағи муайян ба даст оред. Пешхизмати чандон кори душвор нест, бартарии дигараш дар он аст, ки музди меҳнататонро дар охири рӯзи корӣ гирифта метавонед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД