5 сабаби ба саратони ғадуди простата гирифтор шудани мардон
Саратони ғадуди простата яке аз намудҳои паҳншудаи саратон дар мардон ба шумор рафта, баъди саратони шуш дар зинаи дуюм қарор дорад. Дар байни бемориҳои мардона ва занонаи саратон дар тамоми ҷаҳон саратони ғадуди простата дар зинаи чорум меистад. Ҳамасола дар минтақаҳои гуногуни олам ҳудуди 1,6 миллион мардон ба ин навъи саратон гирифтор мегарданд. Бо мақсади пешгирии бемории мазкур имрӯз дар боби 5 сабаби асосии пайдоиши саратони ғадуди простата маълумот медиҳем.
1. Синну сол
Синну сол омили маъмултарини хатари саратони простата дар мардон мебошад. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки саратони ғадуди простата дар мардони то 40-сола нисбатан камтар ба мушоҳида мерасад. Баъди 50-солагӣ бошад, хатари гирифтор шудан ба саратони ғадуди простата якбора меафзояд. Аз ҳар 10 ҳолати гирифторӣ ба саратони ғадуди простата 6 ҳолат дар мардони синну солашон аз 65-сола боло ошкор шудааст.
2. Бемории генетикӣ ё ирсият
Боз як омили дигари пайдоиши саратони ғадуди простата ирсият мебошад. Аз ҳамин хотир, баъзан табибон ин навъи саратонро “Бемории оилавӣ” меноманд, зеро он аз ҳисоби маҷмӯи генҳои муштарак ва омилҳои муҳити зист ба “мерос” гирифта мешавад. Падар ё бародар дар оила саратони простата дошта бошанд, хатари пайдоиши ин беморӣ дар дигар мардони хонавода меафзояд.
Хавфи гирифтор шудан ба саратони ғадуди простата дар мардоне, ки бародаронашон гирифтори ин беморӣ ҳастанд, нисбат ба мардоне, ки падарашон чунин беморӣ доштааст, бештар аст. Дар ҳолатҳои зерин хатари гирифторшавӣ ба саратони ғадуди простата меафзояд:
- Гирифтор будани зиёда аз се нафар хешовандони наздик (падар, бародарон) ба саратони ғадуди простата.
- Ошкор шудани саратони ғадуди простата дар ду ё зиёда хешовандони наздик, аз қабили бобо, падар, бародар, фарзанд, тағо, ҷиян то синни 55-солагӣ.
Фарбеҳӣ мардро ба саратон гирифтор месозад
Индекси муътадили массаи бадан аз 18,5 то 24,9 аст. Нишондоди мазкур аз 30 зиёд шавад, ин аллакай фарбеҳ ҳисобида шуда, хатари гирифторшавиро ба ҳар гуна бемориҳо меафзояд. Таҷрибаҳои тиббӣ нишон медиҳанд, ки гирифторшавӣ ба саратони ғадуди простата дар мардони фарбеҳ нисбат ба мардони лоғарандом бештар аст. Равған гирифтани бадан, махсусан ҷамъшавии равған дар шикам ва чарбуи атрофи узви мардона хатари саратони простатаро зиёд менамояд.
Истеъмоли хӯрокҳои серравған
ва одатҳое, ки касро бемор месозанд
Муайян карда шудааст, ки ғизои серравған низ дар рушди бемории саратони ғадуди простата нақши калон дорад. Бемории мазкур дар кишварҳое, ки сокинонашон бештар маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ истеъмол менамоянд, нисбат ба кишварҳое, ки камтар гӯшт мехӯранд, зиёдтар аст. Тағйир додани тарзи зиндагӣ, парҳези дурудароз ва даст кашидан аз хӯрок, фаъолияти хеле ками ҷисмонӣ, ҳамеша бо мошин гаштан ва зиёд сари миз нишаста кор кардан омилҳои дигаре ҳастанд, ки мардонро ба саратони ғадуди простата гирифтор месозанд.
Сигоркашӣ
Тамокукашӣ метавонад ба ҳар як ҳуҷайраи бадан, аз ҷумла ғадуди простата таъсири манфӣ расонад. Тавре табибон мегӯянд, тамокукашӣ метавонад хатари саратони простатаро зиёд созад.