Formula novemver 2024
5-тағйирот дар ҳаёти муҳоҷирон
761


Россия дар соли 2024 ба қонунҳои
муҳоҷиратиаш чи дигаргуниҳо ворид кард?

Федератсияи Россия дар соли 2024 қонунҳои муҳоҷиратии худро тағйир дод.Азбаски қисми зиёди муҳоҷирони тоҷик маҳз ҳамин кишварро манбаъи даромад ва ризқу рӯзии худ интихоб мекунанд, мо қарор додем дар бораи 5 тағйироти нав дар ҳаёти муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия каме маълумот диҳем.

  1. Патент қимат шуд
    Маблағи патент барои муҳоҷирон дар соли 2024 қариб дар тамоми минтақаҳои Россия боло рафт. Аршиши патент дар соли 2024 дар шаҳру вилояти Маскав 7500, Санкт-Петербург 4 600, Новосибирск 6 386, Магадан 8 640, Мурманск 8 352, Нижегородск 6 624, Новгород 4 637, Оренбург 5 962, Орлов 6 394, Перм 5 200, Пенза 5 760, Приморск 9 216, Псков 6 170, Ростов 5 184, Рязан 7 488, Осетияи Шимолӣ 5 731, Ставропол 6 048, Самара 6 048, Саратов 7 002, Сахалин 9 101, Севастопол 7 142, Свердловск 6 650, Смоленск 06 541, Тамбов 5 700 рубл, Твер 10 742 ва Томск 5 760 рублро ташкил медиҳад.                              2. Муҳоҷирон дар бораи ҷойи корашон
    ба МВД-Россия маълумот медиҳанд
    Акнун муҳоҷирони меҳнатӣ ӯҳдадоранд, ки дар мӯҳлати 2 моҳ пас аз гирифтани патент ба мақомоти корҳои дохилии Россия дар бораи ҷойи корашон маълумот диҳанд. Маълумотномаро тариқи портали “Госуслуги" низ фиристодан мумкин аст, вале дар он бояд ҳатман тамоми маълумотҳо дар бораи ҷойи кори муҳоҷир ва нусхаи шартномаи меҳнатӣ ворид карда шуда бошанд. Дар сурати бастани шартномаи лафзӣ муҳоҷир вазифадор аст, ки мушаххасан бо кадом корхона ё шаҳрванд шартнома бастанашро нишон дода дар бораи корфармо маълумот диҳад. Дар сурати пешниҳод накардани маълусмотнома патенти муҳоҷири меҳнатӣ ба таври автоматӣ бекор карда мешавад.

 

3. “Депортатсия” ба ҷарима
иваз карда мешавад
Аз 5 январи соли 2024 чораи ихроҷ, яъне “депортатсия”-и муҳоҷирон дар баъзе ҳолатҳо метавонад бо ҷарима иваз карда шавад. Маблағи ҷарима аз 40 то 50 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад. Муҳоҷирро ҳамчунин ба ҷойи “депортатсия” ба корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати 150 -200 соат ҷабл карда метавонанд.
4. Зисту зиндагӣ дар Россия қимат шуд
Дар Россия нарху наво баланд шуда, маблағи ҳадди ақал барои зисту зиндагӣ низ боло рафтааст.

Дар Маскав хароҷоти ҳадди ақали якмоҳа барои шахсони коргарон 25 879 рубл, барои шахсони қобили меҳнат 16 964 рубл ва барои нафақахӯрон 19 586 рублро ташкил медиҳад. Шахсоне, ки мехоҳанд барои дарёфти иҷозатнома зист дар Русия (ВНЖ0 ҳуҷҷат пешниҳод намоянд, бояд ин рақамҳоро дар назар бигиранд.
5. Занҳои муҳоҷир дигар барои кӯдаконашон
“Материнский капитал” намегиранд
Пештар муҳоҷирони меҳнатӣ баъди ба даст овардани шаҳрвандии Федератсияи Россия барои фарзандони ноболиғашон “Материнский капитал” мегирифтанд, вале шурӯъ аз 1-январи соли 2024 ин маблағ танҳо ба шаҳрвандони Россия барои фарзандонашон, ки дар қаламрави Россия ба дунё омадаанд ва шаҳрванди Россия ба ҳисоб мераванд, ин маблағ дода мешавад.

Занҳои муҳоҷире, ки дар соли 2024 шаҳрвандии Федератсияи Россияро ба даст меоранд, наметавонанд барои кӯдакони ноболиғашон, ки дар Тоҷикистон ба дунё омада, аллакай 2-3 сола ҳастанд “Материнский капитал” бигиранд, вале кӯдак баъди шаҳрвандии Россияро гирифтани волидонаш дар Россия ба дунё омада,шаҳрванди ин кишвар ба ҳисоб равад, имкони гирифтани ин маблағ ҳаст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД