Хигиеника
5-тоҷики ғоратгар барои 800 рубли русӣ миллатро бадном карданд!
2049


Дар додгоҳи ноҳияи Суворови вилояти Тулаи Русия парвандаи як гурӯҳи ҷиноии 5-нафара, ки ҳамагӣ тоҷик будаанд, баррасӣ мешавад. Аъзоёни ин гурӯҳ дар ғоратгарӣ ва ҳамла ба як хонаводаи маҳаллӣ муттаҳам дониста шудаанд...


Тавре ки расонаҳои Русия менависанд, аҳли ин гурӯҳ бо маслиҳати пешакӣ нақшаи ғорат кардани як хонаводаи маҳаллиро кашида, шоми 23-ноябри соли 2020 ба деҳаи Красное Михайлово мераванд ва ба рӯяшон ниқоб кашида, ба хонаи як сокини ин деҳа медароянд. Ғоратгарон, ки қаблан ба амалиёт ҳаматарафа омодагӣ дида бо таппонча мусаллаҳ гашта будаанд, дарро шикаста вориди хона мешаванд ва ба сари соҳибхона яроқ гузошта, бо таҳдид ӯро ба ҳуҷраи дигар мегузаронад.

Онҳо зӯран дасту даҳони мардро мебанданд ва ду нафарашон дар болои сари зану шавҳар посбон истода, дигар аъзоёни гурӯҳ хонаро такорӯ мекунанд, аммо аз пул ному нишон намеёбанд. Авбошон бо таҳдид зани соҳибхонаро маҷбур месозанд, ки ҷойи пулҳоро нишон диҳад, дар ҷавоб зан аз тарси ҷон мегӯяд, ки пул дар сумкаи ӯст. Ҷинояткорон аз кифи соҳибхоназан танҳо 20 ҳазор рубли русӣ пайдо мекунанд ва ба ин қонеъ нагашта, дасту пойҳои занро низ мебанданду таҳдиди куштан мекунанд. Марди соҳибхона чораи дигар наёфта, макони нагаҳдории пасандозашонро мегӯяд. Ҳамин тавр ин гурӯҳи авбошу ғоратгар 807 ҳазор рублро гирифта макони ҳодисаро тарк менамоянд.


Ин аввалин амалиёти ин гурӯҳи ҷиноятпеша набуда, пештар низ бо ҳамин роҳ пули муфт ба даст меовардаанд. Қаблан аъзоёни гурӯҳ ба ду сокини вилояти Маскав ҳамла карда, беш аз ним миллион рубли русиро ба яғмо бурда будаанд.
Ташвишовараш он аст, ки чунин афроди ҷиноятпеша бо амалҳои разилонаи худ номи миллати тоҷикро доғдор месозанд ва рафтори эшон боиси бадбинии миллати рус нисбат ба тоҷикон гашта, ба боз ҳам бадтар шудани муносибат ба муҳоҷирони меҳнатӣ мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД