shoh palace
5 ҷуфти ситораҳои турк, ки дар соли 2022 ҷудо шуданд
31.12.2022
Mahina
807


Шумо ошиқи сериалҳои туркӣ ҳастед ва ба ишқу муҳаббати поки қаҳрамонҳои ин филмҳо ҳасад мебаред? Гумон мекунед, ки онҳо ошиқони ҳақиқӣ ҳастанд ва ҳаргиз ба ишқашон хиёнат намекунанд? Хато мекунед!

Ситораҳои синамо низ мисли мову шумо инсонҳои заминӣ буда, баъзан ба ишқи худ хиёнат мекунанд, рашк мебаранд, дили дӯстдоштаашоро мешикананд, оби дида мерезанд, бо ҳамдигар ҷангу ҷанҷол карда, қаҳрӣ мешаванд ва ҳатто аз ҳам ҷудо мешаванд. Биёед бубинем, ки дар соли 2022 кадом ситораҳои синамои турк аз дӯстдоштаашон ҷудо шуданд!


Хандае Эрчел дари дилашро ба рӯйи Карим Бюрсин басту...

Ханда эрчел ва Карим Бюрсин ҷуфти аз ҳама машҳур ва зебои синамои турк ба ҳисоб рафта, натанҳо мухлисони ин ду ситора, балки ҳампешагонашон ба ишқи поки онҳо ҳасад мебурданд. Дар филми “Дари дили маро бикӯб” Ханда ва Карим он қадар ошиқи шайдои ҳамдигар ҳастанд, ки ишқи Лайлию Маҷнун ва Фарҳоду Ширин дар назди муҳаббати ин ду ҷавон ҳеҷ метобад, аммо...
Дар муносибатҳои ошқонаи Ханда ва Карим ҳанӯз охири соли 2021 як навъ сардӣ пайдо шуда, тез-тез бо ҳам моҷарои мекардагӣ шуданд.

Оқибати ин ҷанҷолҳои ошиқона ҳамин шуд, ки моҳи январи соли 2022 Карим ва Ханда аз ҳам ҷудо шуданд. Карим дар ҳақиқат Хандаро бо тамоми вуҷудаш дӯст медошт ва умед дошт, ки онҳо дубора оштӣ мешаванд. Ба ҳамин хотир вай ҷудо шуданашонро муддати ним сол пинҳон медошт, вале зориҳои ҷавони ошиқ ба дили ин зебосанам асар накарда, аввалҳои тобистон худи Ханда эълон кард, ки ӯ ва Каримро дигар чизе бо ҳам намепайвандад, ба ҷуз аз кино.

Рашки тақдирсӯз Айчаро аз Альп ҷудо кард

Тақдири Альп ва Айча сарнавишти Ханда ва Каримро ба ёд меорад. Ин ду ҷавони ҳунарманд ҳангоми банаворгирии сериали машҳури “Афсонаҳои ҷазира” ба ҳамдигар дил баста, натанҳо дар экран, балки дар ҳаёти воқеъӣ низ ошиқи зори ҳамдигар гаштанд.

Азбаски ҳарду қаҳрамон дар асл ошҳиқ буданд, ин филм бисёр табиӣ ва дилчаспу таъсирбахш баромада, натанҳо дар Туркия, балки дар дигар кишварҳо низ мухлисони зиёде пайдо кард, вале шӯҳрат ба ошиқон хушбахтӣ наовард. Дере нагузашта Альп ва Айча аз ҳам ҷудо шуданд. Сабаби ҷудоии онҳо рашки тақдирсӯз буд.

Айчаи нозанин ба духтарони дигар бо чашми харидорӣ нагаристани Альпро дида аз рашку алам ба қавле «девона” мешуд, ҷавон бошад, ба хотири ба асаби маҳбубааш расидан қасдан ба ҳар як бонуи зебо гап партофта, хушгӯӣ мекард. Вай гумон дошт, ки бо ин кораш Айчаро бештар ошиқи шайдои худ мегардонад, вале тираш хок хӯрд.

Оқибат духтар аз ин блҳавасиҳои ошиқаш безор шуда, худаш риштаи ишқу муҳаббатро бурид ва эълон дошт, ки вай аз Альп ҷудо мешавад. Альп чанд маротиба бахшиш пурсида бошад ҳам, Айча ӯро набахшид ва ҳамин тавр ин ду дилдода аз ҳам ҷудо шуданд.

Кадр из сериала «Сказка на острове»
Бозии қисмату сарнавишти талхи
Джемре Байсал ва Айтач Шашмаз

Моҳи актябр боз як ҷуфти дигари зебои синамои турк Джемре Байсал ва Айтач Шашмаз аз ҳамҷудо шуданд. Онҳо дар арфти наворгирии сериали “Бозии қмисмат” ба ҳамдигар дил баста, аҳду паймон карда буданд, ки то охири умр бо ҳам мемонанд.

Джемре ва Айтач қариб ним сол муносибатҳои ошиқона доштанд. Духтар ба хонаи ҷавони дӯстдоштааш рафта бо падари модари ӯ шинос шуда буд ва дар тамоми маъракаҳояшон иштирок мекард, аммо сарнавишти талх дилдодагонро ҷудо кард.

Сабаби ҷудо шудани ду ситора маълум нест, вале моҳи октябр худи дилдодагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки ҷуфти Джемре Байсал ва Айтач Шашмаз дигар вуҷуд надорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД