Arzon march 2024
62 арӯсу домодро ҷарима карданд
712


Кормандони шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ дар вилояти Суғд дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ 164 ҳолати вайрон кардани қонуни танзимро ба қайд гирифтаанд.

Аз ҳама зиёд қонуншиканӣ дар шаҳрҳои Панҷакент, Конибодом ва Истаравшан ба қайд гирифта шудааст...

Бино ба иттилои Меҳрафкан Мирзоҳофизиён давоми соли 2022 дар маҷмӯъ 20450 маърака доир гаштааст, ки шумораи бештари онро туйи арӯсию домодӣ, маъракаи чил ва сол ташкил медиҳад.

Шумораи қонунвайронкунӣ имсол нисбати соли гузашта камтар шуда бошад ҳам, ин ҳолат кормандони соҳаро қонеъ намекунад, зеро то ҳол моддаҳои 8,9, 10 ва 14-и қонун оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ зиёд вайрон карда мешаванд.

                Мақсади қонун чист?
Тавре дар муқарррароти қонун омадааст: Мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст. Вазифаи Қонуни мазкур танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад. Амали Қонуни мазкур ба мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, ҳамчунин ҳамаи шахсони воқеӣ, новобаста ба вазъи иҷтимоӣ ва мансубияти миллиашон, сурат мегирад.
Чӣ хеле ки дар боло қайд кардем, асосан моддаҳои 8 9 10 ва 14-и қонуни мазкур бештар вайрон мешаванд.
Моддаи 8. Зодрўз. Мувофиқи талаботи қонун ин ҷашн бояд ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила гузаронида шавад. Аммо чӣ хеле ки кормандлони соҳа ошкор кардаанд, танҳо дар давоми 11 моҳи соли равон 26 ҳолати таҷлили зодрӯз бо иштироки васеи меҳмонон қайд шудааст, ки ин чиз хилофи қонуни танзим аст.
Моддаи 9. Хатнасур. Тибқи талаботи қонун хатнасур ба таври ихтиёрӣ бо розигии падару модар дар муассисаҳои тиббӣ ва ё аз ҷониби устоҳои касбӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Аммо имрӯз баъзе аз воилдон хатнатуйиро мисли туйи арӯсию домодӣ бо тантанаю ҳамҳама мегузаронанд. Барои ин моддаи қонунро вайрон кардан 20 касро ҷарима бастаанд.
Моддаи 10. Тўйи домодию арўсӣ : Тўйи домодию арўсӣ дар давоми на бештар аз ду рўз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тўй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб гузаронида мешавад. Аммо борҳо мушоҳида мешавад, ки тӯйҳои бисёре аз одамони ба истилоҳ “одамдор” бо иштироки 500 нафар ба таври бисёр намоишкорона мегузарад. Тибқи талаботи моддаи 10-и қонун ташкили маъракаҳои фотиҳаи тўй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, тақдими сарупо барои меҳмонони тарафайн ва хешу табори домоду арўс, ба истиснои тақдими тўҳфаҳо барои домоду арўс ва падару модари онҳо, манъ аст. Аммо дар бисёр минтақаҳо занҳо, ба хусус модарони келинҳо ин расмҳои манъшударо пинҳонӣ аз чашми коммисия ташкил мекунанд, гӯё қонунро гӯян, баъди келин шудан духтарашон дар назди хушдоманаш забонаш кутоҳ мегаштааст.
Маҳз барои риоя накардани талаботи қонун оид ба танзим дар баргузории тӯйи арӯсию домодӣ 62 қонунвайронӣ ба қайд гирифта шуда, қонуншиканҳо ҷарима баста шуданд.
Хулоса, кормандони соҳаи танзим арзишии тую маърака ба ҳисоби миёнаро дар вилояти Суғд 7277 сомонӣ арзёбӣ кардаанд. Аммо ин нишондиҳанда оё ба ҳақиқати ҳол мувофиқ аст?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД