goodwell
7 паҳлавони номдори тоҷик дубора ҳуқуқи иштирок дар мусобиқаҳоро ба даст оварданд
110

7 паҳлавони номдори тоҷик дубора ҳуқуқи иштирок дар мусобиқаҳоро ба даст оварданд

7 паҳлавони номдори тоҷик- Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов, Обид Ҷебов, Абдуллоҳи Ориф, Умедҷон Раҷабов, Виктория Киселёва ва Александра Кан, ки Федератсияи ҷудои Тоҷикистон онҳоро аз санаи 4-уми июли соли равон аз ҳшуқуқи иштирок дар машқу тамрин ва тамоми мусобиқаҳои дохилию байналмилалӣ маҳрум намуда буд, дубора ҳаққи иштирок дар мусобиқотро ба даст оварданд.

Тибқи иттилоъи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, онҳо метавонанд ба тамринҳои дастаҷамъӣ баргарданд ва аз 4-уми ноябр ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳоро ба даст меоранд.

“Моҳи декабри соли равон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳон-World Judo Masters баргузор мегардад ва пас аз бозгашт ба тамринҳо ва санҷиш онҳо метавонанд дар мусобиқаҳои оянда ширкат кунанд.”, – гуфтаанд масъулини Федератсияи ҷудои кишвар зимни суҳбат бо хабарнигорон.

Дар сурати барнагашташон мураббиҳо метавонанд нисбати онҳо ҷазоҳои нав пешбинӣ намоянд. Сабаби танбеҳи ҷудокорон “вайрон кардани интизоми касбӣ, сарпечӣ ва ҳозир нашудан”-и онҳо дар се ҷамъомади дастаҷамъона буд.

Ёдрас мешавем, ки Темур Раҳимов ва Сомон Маҳмадбеков барандагони медалҳои биринҷӣ дар Олимпиадаи Париж дар соли 2024 будам, 5 паҳлавони дигар низ аз Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон, Қаҳрамонии ҷудои Осиё, “Гранд Слам”-у “Гранд при”-ҳо, Бозиҳои осиёиву Бозиҳои ҳамбастгаии исломӣ ва дигар мусобиқаҳо ба Ватан бо медал баргаштаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД