вахдати милли
7 сухани тилоии Пешвои миллат дар бораи Ватан, сулҳ ва ваҳдат
27.06.2026
Oila.tj
29

“Ваҳдати миллӣ наҷотбахши миллат, муттаҳидкунандаи тамоми тоҷикистониён ва калиди тамоми дастовардҳои мо дар даврони Истиқлол аст”.

“Мо бо ваҳдати миллӣ тавонистем давлати харобгаштаро обод кунем ва Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоем”.

“Ватан - Модар муқаддас аст ва ҳимояи он қарзи фарзандии ҳар як шаҳрванд мебошад”.

“Ватан оғоз аз дилдодагӣ ба ҳар як ваҷаб хоки сарзамин ва эҳсоси гарми масъулият барои ояндаи он аст”.

“Мо бояд Тоҷикистонро чун гавҳари чашм ҳифз кунем, обод созем ва ба наслҳои оянда бо сари баланд мерос гузорем”.

“Сулҳ ва субот шарти асосии рушди давлат, пешрафти ҷомеа ва зиндагии осоиштаи мардум мебошад”.

“Ба даст овардани сулҳ кори бузург аст, аммо нигоҳ доштани он аз ин ҳам масъулияти бештарро талаб мекунад».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД