arzon replenishment
8 роҳи осони солим ва ҷавон мондани зан
3370

Ман зани 40-сола буда, дар як идораи хеле бонуфуз роҳбар ҳастам, аз ҳамин хотир, бояд ҳамеша дилкашу зебо ва олуфтаву ороста бошам.

Пештар худро дар оина тамошо карда, завқ мебурдам, вале солҳои охир ҳар гоҳ ба оина назар кунам, дилам хиҷил мешавад, чунки дар атрофи чашм ва рӯям ожангҳо пайдо шуда, табъамро хира месозанд. Малҳам ва кремҳои қимматбаҳоро истифода мебарам, лекин натиҷаи дилхоҳ намедиҳанд. Мушкилоти дигари ман дар он аст, ки вақтҳои охир тез-тез асабонӣ шуда, ба сари фарзандон ва коргаронам дод мезанам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам, ки асабам ором ва мисли пештара аз худ розӣ бошам?
Д. М, ш. Душанбе.

Маслиҳат аз идора
Мардуми рус мақоли аҷибе доранд: “Занон аз пирӣ бештар аз марг метарсанд!” Дар ҳақиқат дидани ожангҳо дар чеҳраи худ барои ҷинси латиф мисли як фоҷиа аст, зеро ҳар як бону мехоҳад ҳамеша ҷавон, зебо ва дилкаш бимонад, аммо вақт хоҳ-нохоҳ осори худро дар чеҳра ва саломатии инсон боқӣ мегузорад ва аз пирӣ ҷойи гурез нест. Шумо метавонед фақат ин равандро бокӯмаки вақти хуш, ғизои солим ва истифодаи маҳсулотҳои табиӣ каме ба таъхир андозед. Барои ин чӣбояд кард?

1. Асабоният-душмани саломатию зебоӣ
Душмани аз ҳама бузурги зебоӣ ва саломатии инсон асабоният мебошад. Тез-тез асабонӣ шудан метавонад касро ба бемориҳои асаб, касалиҳои рӯҳӣ, фишорбаландӣ ва дигар иллатҳо гирифтор созад, бар замми ин, вақте ки асаби зан ором нест, ин пеш аз ҳама дар чеҳра ва симои зоҳириаш намоён мегардад. Ранги пӯсти рӯй бар асари асабонияти зиёд тирафом ба назар расида, ожангҳо намоён ва зан туршрӯй ба назар мерасад.
Рӯй турш кардан ва баҳудаву беҳуда бо ҳама дағалӣ намудан боиси он мешавад, ки дигарон аз шумо дурӣ ҷуста танҳо бимонед. Барои он ки бо чунин мушкилот мувоҷеҳ нагардед, бояд худро ба даст бигиред. Аз дидани ожангҳои рӯятон хиҷил мешавед ва табъатон хира мегардад? Кӯшиш кунед, ки ба ин масъала аз нигоҳи фалсафӣ назар андозед. Бале, шумо 20-30 сол пеш ҷавон, зебо ва дилкаш будед, вале он вақт ба ғайр аз ҷавонию зебоӣ дигар чизе надоштед. Ҳоло бошад, соҳиби обрӯву эътибор, хонаву дари обод ва фарзандони баркамол буда, дар зиндагӣ таҷрибаи бой ҳосил намудаед. Пас,ҷавониатон барҳадар нарафтааст!
Дастовардҳои худро ҳамин тавр тез-тез пеширӯй овардан гиред, ин ҳисси худ баҳодиҳии шуморо баланд бардошта, асабатонро ором месозад ва ба зиндагиатон рангу маънии тоза мебахшад.

2. Бештар меваю сабзавот хӯред!
Бо рафтани синну сол дар кори организми инсон тағйиротҳои зиёде ба вуҷуд меоянд. Барои таъмини кори бонизоми узвҳои дохилии худ шумо бояд ҷисматонро босафеда ва витаминҳо таъмин намоед. Барои ин ҳарчӣ бештар меваю сабзавоти тару тоза хӯред.Аз меваҳо махсусан банан, себ, зардолу ва меваҳои ситрусӣ, яъне апелсин, лимӯ, мандарин муфиданд. Ин меваҳо натанҳо ҷисмро бо витаминҳои зарурӣ таъмин менамоянд, балки доғҳои рӯйро равонда, ожангҳоро ҳамвор ва ранги рӯйро равшану чеҳраро зебову пуртароват мегардонанд. Фасли баҳор наздик аст ва шумо барои баргардонидани таровати ҷавонӣ ба чеҳраатон имконияти бештар пайдо мекунед. Ҳамин ки помидору , ҳар қадар, ки метавонед ба ин ганҷинаи бебаҳо часпед. Помидор ҳуҷайраҳоро навсозӣ намуда, ба ҷавоншавии организм мусоидат менамояд, бодиринг бошад, доғҳои рӯйро равонда, ба чеҳраи шумо таровати тоза мебахшад.

3. Мӯъҷизаи қаймоқ ва ҷурғот
Боз як манбаи ҷавонию зебоии инсон ин шир ва дигар маҳсулоти ширӣ мебошад. Пайдоишидоғ ва ожангҳо дар рӯй ба кори рӯдаву меъда низ вобастагӣ дорад. Барои беҳтар коркардани меъдаву рӯдаҳоятон субҳгоҳон қаймоқ хӯред, бегоҳ як истакон ҷурғот ё кефир нӯшед, қабл аз хоб бошад, як истакон ширро бо як қошуқча асал омехта карда, нӯши ҷон созед. Шир ва асал асабро ором намуда, хоби бароҳати шуморо таъмин месозанд ва ба кори бонизоми организм ёрӣ мерсонанд. Муддати як моҳ аз рӯйи ҳамин реҷа амал намоед, мӯъҷизаашро бо чашми худатон дида, худро солим, бардам ва ҷавону зебо эҳсос хоҳед кард.
4. Хоби ором-нисфи ҳусн
Чизи дигаре, ки барои саломатӣ ва зебоии зан мисли обу ҳаво зарураст, ин хоби ором ва бароҳат мебошад. Маҳз бо кӯмаки хоби бароҳат ҷисми инсон қувваю мадори худро аз нав барқарор карда, асаб ором в атабъи кас болида мегардад
Мутаасифона, аксари бонувон баъди 40-солагӣ бомушкили бехобӣ рӯ ба рӯ мегарданд. Мабодо чунин мушкил шуморо низ домангир гашта бошад, бепарвоӣ накарда, чораҷӯӣнамоед.
Барои он ки хобатон орому бароҳат бошад, ҳар рӯз дар як вақти муайян сар ба болин ниҳодан лозим аст. Пеш аз хоб ҳаммом-душ кунед ё ҳеҷ набошад, пойҳоятонро муддати 10-15 дақиқа дар оби гарм бигиред. Фаввораи оби мусаффо таъсири мӯъҷизавӣд ошта, натанҳо ҷисми инсонро покиза месозад, балки асабро низ хеле хуб ором месозад.
Фаромӯш накунед, ки пеш аз ба ҷогаҳи хоб даромадан хӯрок, махсусан хӯрокҳои сахту бирёниро хӯрдан мумкин нест. Хӯроки шомро ду соат пеш аз сар ба болин ниҳодан истеъмол намоед. Барои орому бофароғат хобидан пеш аз хоб компот ё оби зардолу, шири боасал омехташуда, кефир ё ягон чойи алафӣ бинӯшед. Аз гиёҳҳо махсусан ниёзбӯ ва бобуна хеле муфид буда, асабро ором ва хоби бароҳати шуморо таъмин месозанд.

5. Варзиш ва ҳавои тоза
Машғул шудан бо варзиш ва сайру гашт дар ҳавои тоза низ барои солим ва ҷавон мондани инсон ёрӣ мерасонад. Ҳафтае ақаллан ду-се бор ба ягон толори варзишӣ равед, бо фитнес машғул шавед ё ҳеҷ набошад, ҳарсаҳар давед ва дар хона машқи бадан намоед. Пиёдагардӣ барои саломатӣ фоида бахшаст. Кӯшиш кунед, ки ҳаррӯз ақаллан як-ду километр роҳро пойи пиёда тай карда, аз ҳавои тоза нафас бигиред.

6. Асрори майи сафед
Барои ҷавон ва пуртароват намудан ичеҳраатон шумо метавонед аз маҳсулоти табиӣ ва гиёҳҳо ниқоб тайёр кунед. 20 грамм бодранҷбӯя, тахминан 30 грамм пудинаи боғӣ, 10 грамм бобуна ва 20 грамм тезобисолитсил (салициловая кислота)-ро ба як литр майи сафед андохта, даҳони шишаро маҳкам кунед ва муддати дуҳафта дар ягон ҷойи торик нигоҳ доред. Дар ин муддат ҳаррӯз шишаро кам-кам ҷунбонед. Пас аз дуҳафта даворо полонда,ҳар бегоҳ онро ба рӯй ва гарданатон молед.
7. Шафтолу ва қаймоқ занро ҷавон месозанд
Як дона шафтолуро пӯст карда,бо зардии тухми мурғ ва каме қаймоқ омехта кунед ва ба рӯю гарданатон молед. 15-20 дақиқа пас рӯятонро бо оби соф, вале бесобун бишӯед.
8. Равғани бодомро фаромӯш накунед!
Равғани бодомро дар тамоми дунё ҳамчун нармкунандаи пӯст эътироф кардаанд. Ҳар бегоҳ баъди шустушӯ намудан, яъне пеш аз хоб ба рӯю гарданатон равғани бодом молед. Ин равған пӯсти рӯйро тароват бахшида, барои ғафстар шудани абрӯ ва миҷгонҳо ёрӣ мерасонад. Умедворем, ки маслиҳатҳои мо ба шумо ёрӣмерасонанд. Ҳамеша солим, ҷавон, зебо ва пуртароват бимонед!
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД