Arzon march 2024
Ҳадаф шаффофияти фаъолият аст
251

Бо мақсади пешгирӣ аз омилҳои номатлуб ва таъмини шаффофияти фаъолият намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти марказҳои имтиҳонии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз наздик шинос шуданд.

Мақсади шиносоӣ пеш аз ҳама, назорати риояи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти имтиҳонҳо, шароити барои имтиҳонсупории довталабон фароҳамовардашуда ва огоҳонидани шахсони масъули дар ин раванд ҷалбшуда оид ба пешгирӣ аз амалҳои номатлуб буд.

Ҳангоми суҳбат бо шахсони масъули дар рафти имтиҳонҳо ҷалбшуда,  намояндагони Прокуратураи генералӣ дар бораи аҳаммияти имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) дар соҳаи маорифи ҷумҳурӣ, риояи талаботу қоидаҳои муқарраргардида дар раванди имтиҳонҳо, пешгирӣ аз амалҳои номатлубу қаллобӣ, андешидани чораҳо барои дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани имтиҳонҳо таъкид карданд.

«Марказ бояд барои дар сатҳи зарурӣ ва бо рияои қатъии тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор кардани имтиҳонҳо тамоми чораҳои заруриро андешида, шаффофияту адолатро аз муҳимтарин усули кори худ қарор дода, онро дар ҳамаи раванду марҳалаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ таъмин намояд»-иброз доштанд кормандони Прокуратура.

Таъкид карда шуд, ки дониш ва малакаю маҳорати ҳар яке аз довталабон воқеӣ (объективона) арзёбӣ карда, ҳеҷ гоҳ ба дахолати инсонӣ (аз берун), тақаллуб ва амалҳои ба ин монанд дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ  роҳ дода нашавад. Барои пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои номатлуб дар раванди имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Ёдовар мешавем, довталабоне, ки дар даври якум (асосӣ)-и имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) – қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ё қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) иштирок намуда натавонистаанду хоҳиши супоридани онро дар даври дуюм доранд, бояд то 9 июл аз нав ариза пешниҳод намоянд.

Ба иттилои марказ, тибқи тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023 тасдиқ гардидааст, довталабе, ки дар даври якуми имтиҳон – қисми А ё қисми Б иштирок карда натавониста, хоҳиши иштирокро дар даври дуюми имтиҳон дорад, бояд маблағи иловагии ҳар сол дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраркардаи Марказро пардохт карда, ба Марказ дар муҳлати муқарраркардаи он ариза пешниҳод намояд.

Даври иловагии имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо 12  июл дар марказҳои имтиҳонии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб баргузор мегардад. Вобаста ба ин, ҳангоми навиштани ариза довталаб бояд яке аз ин шаҳрҳоро ҳамчун макони супоридани имтиҳон қайд кунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД