sebiston july new
Қадами Қурбонро депортатсия карданд? (ВИДЕО)
5332
Қадами Қурбонро депортатсия карданд? (ВИДЕО)

Рейси рақами 2445 Москва-Душанбе, авиакомпанияи Урал, соати 18. 20 аз аэропорти Жуковский бояд парвоз мекард. Аммо напарид. Напарид ҳам гап. Ҳама ҷо ҷим-ҷит, кормандони аэропорт миш- миш карда гап мезананд. Сабаби дер парвоз кардани самолётро мусофирон дар он медонистанд, ки ё ягон террористро қапиданду ба Душанбе мебаранд, ё чанд муҳоҷири бечораро бадарға мекунанд. Дар аэропорти кампарвози Жуковский, ки аз он чо аслан сомолётҳои Душанбею Минск парвоз мекунанд, бовар кунед, агар паша пар занад, садои парҳояшро мешунавед. Шунидан куҷо, мебинед!
Ана як муҳоҷири офтобзадаи дандонтилло пайдо шуд. Ҳамроҳаш чанд каси дигар.
- Валлоҳ, ки муҳоҷири бечораро депортатсия кардан, - садо баланд кард як мусофир. Мусофирони дигар, ки ҳама муҳоҷир буданд, ваҳ гуфта аз ҷой хестанд.
- Ё наъузамбиллоҳ, гуфт як ниммуҳоҷиру ниммусофири ришкалон.
- А, шинохтам, гуфт каллакаҷи шикамкалони красовка дар пою спартивкаи ҳулидагӣ дар тан, ки қаҳрамони Равшану Ҷамшуди харкалаи хартабиати Панаморёвро аз Комсомлская Правда ба хотир меовард:
- И ҳаму набераи Ғаффори кӯлобӣ яй
- А, бача не- е , и ҳамун хуҷандиёда монанд.
Марди сиёҳҷурдаи дандонтилло якбора нопайдо шуд. Гӯё замин кафиду зери замин рафт.
Боз оромӣ аэропортро фаро гирифт.
Ҳар, ки набоша мусофири бечора яй. Бандаи худоя аз нони даҳонаш мунондан,- гуфт мусофире.
- Куҷое набошад террористай. Ура қапиданд, ба Душанбе мебаранд, - оҳ кашид ҳамон ришкалон.
- Риш дошт, ришаш калон буд,- мусофири дигар нимшухию нимҷиддӣ пурсид аз он ришкалон.
Як вақт эълони саворшавӣ ба сомолёт садо дод. Мусофирони ба таҳлука афтода аз болои ҳамдигар паспорташонро барои аз қайд гузаштан дароз мекарданд.
Чор автобус, баъд аз як соати аз вақти парвоз дер кардан, паси ҳам мусофиронро ҷониби самолёт бурданд. Як вақт мебинам, ки сумкаамро дар зали аэропорт фаромӯш кардаам. Аз паси сумкаам давидам. Автобуси охирин рафта буд. Тарсидам, ки аз сомолёт дер мондам. Ҳамин дам як автобуси дигар дар дари баромадгоҳ қарор гирифт. Хостам савор шавам.
- Бест гуфта маро яктарафа карданд. Чор марди ҳузарб ҳамон марди сиёҳҷурдаи дандонтиллоро аз чор тарафаш иҳота карда мебурданд. Ҳамон гапи ришкалон ба хотирам расид.
- Ин террорист аст. Боз ҳамон Шарофиддин Гадоев набошад?- аз дил гузаронидам. Вай паъад дар актери зурай.
Онҳо ба автобус савор шуданд. Намояндаи аэропорт маро низ даъвати нишастан кард. Автобус мисли сангпушт ҳаракат мекард. Мусофирон дар шинохти ин мард ду тақсим шуда буданд. Нисфашон он мардро террорист, нисфи дигарашон муҳоҷири депортатсияшуда медонистанд. Ба умеди дидани ӯ ҳама дар зинапояи сомолёт шах шуданд.
Сар бардошта ба чеҳраи он мард нигоҳ кардам.
Чеҳраи шинос. Кӣ бошад? Ду бор, се бор нигоҳ кардам.
- Оҳ бача! Қадами Қурбон нестӣ?
Баробари дидани ӯ ҳама оҳи сабук кашиданд.
- О ин Қадами Қурбонай ку!
- Барои ҳавай шуда як соат сомолёта манъ карданд.
Фучур -кучур дар дохили сомолёт давом дошт. Қадами Крбон пулкоркунӣ омадаст.
- Чанд рӯз аст, ки дар Расияи акаи Қурбон?
- 15 рӯз, гумуш кун Русияра
Акаи Қурбон, акаи Қурбон, акаи Қурбон...
- Э, ҳамин мӯйсафеди бечораро ба ҳолаш монен! - Аз ҷой бархост ришклон!
Сомолёт ба ҳаво хесту Қадами Қурбон ҷон ба саломат бурд!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД