shoh palace
Ҳаёти талхи Бобои Файз (Видео)
3442

 

Ин пири барнодил бо таронаҳои шӯхи ҳаҷвиаш дар дили тамоми мардум маъво гирифтааст. Кист, ки суруди «Очата бугӯ…»-и Бобои Файзро шунида, табассум накунад?

Таронаҳои Бобои Файзро шунида, кас гумон мекунад, ки ин мӯйсафеди хушбахт дар умраш рӯйи ғаму дардро надидааст, вале дар асл зиндагии ӯ аз овони кӯдакӣ пур аз дарду ғам буд…

Дарду доғи ятимӣ

Кӯдакии Файзиддин ба давраи аз ҳама душвортарин дар таърихи инсоният-Ҷанги Бузурги Ватанӣ рост омад. Нав чашм ба олами ҳастӣ кушода буд, ки Гитлери хунхор қушунҳояшро аҳдшиканона ба хоки СССР дароварда, ҳаёти осоиштаи мардуми шӯравиро ба дӯзахи ҳақиқӣ табдил дод. Пиру барно пайи ҳимояи Ватан камари ҳиммат бастанд, зеро ягона роҳи наҷот аз ваҳшонияти фазишми гитлерӣ аз як гиребон сар бароварда, якдилона бо он мубориза бурдан буд. Соли 1943 қатори дигар ҷавонмардони тоҷик падари Файзиддин-Сулаймон Раҳимов низ ба ҷанг рафт, то душманро саркӯб намояд, вале дере нагузашта аз ӯ хати сиёҳ омад. Модараш Хулиса бо ду тифли кӯчак танҳо монда, чӣ кор карданашро намедонист. Бечора занак худаш нахӯрда, луқмаашро ба даҳони бачаҳояш мегузошт, то деви ғаддори гуруснагӣ писарони ятими ӯро ба коми худ фурӯ кашида несту нобуд насозад, аммо ба бахти бадаш писари хурдиаш ба беморие печида, аз олам гузашт. Акнун ягона умеди Хулиса писараш Файзиддин буд. Шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта, Хулисамоҳ ҷома медӯхт, тоқӣ медӯхт, кулча мепухт ва дар дари хонаи мардум хизмат мекард, то ягона ёдгории шавҳари ғӯрамаргашро ба камол расонида, боқии умрашро сарфи тарбияи писараш созад, аммо бародари шавҳараш аз гапу калочаи мардум тарсида, Хулисаро маҷбуран дубора ба шавҳар дод.

Падарандар

Файзиддин чорсола буд, вақте ки падарандараш ӯ ва модарашро ба хонаи худаш ба ноҳияи Совет (Темурмалики ҳозира) бурд. Чорсола бошад њам, аќлаш ба њама чиз мерасид ва модари бечораашро ҳар рӯз саволборон мекард, ки чаро онҳо ба хонаи ин мард омаданд? Зорию тавалло мекард, ки ба деҳаи худашон баргарданд, шояд падараш аллакай аз ҷанг омада, онҳоро интизор бошад.

Дам ба дам номи падари худашро ба забон гирифтани Файзиддин ба падари угай нафорид ва ятимакро бад дида монд. Холисаи байни обу оташ монда, бо сад роҳ кӯшиш мекард, ки байни писар ва шавҳари наваш пуле гашта, онҳоро ба ҳамдигар қарин созад, аммо тамоми кӯшишҳояш барабас мерафтанд. Файзиддини хурдакак ҳатто рӯйи падарандарашро дидан намехост, падари ӯгай низ ӯро чашми дидан надошт…

Овораю сарсон

Ҳамин тавр аз байн 8 сол гузашт. 8 соли пур аз азобу машаққат. Дар ин миён модараш аз шавҳари наваш ду писари дигар таваллуд карда, акнун бо тифлакони хурдсолаш овора буд. Ӯгай бошанд ҳам, Файзиддин додараконаш Муњаммадисуф ва Љабборро бо тамоми ҳастӣ дӯст медошт, аммо ҳарчанд кӯшиш кард, падарандарашро ҳамчун падар қабул карда натавонист. Барои он ки модари бадбахташ байни ду соҳил монда, азоб накашад, дар сини 12-солагӣ тарки хонаи паиндар намуда, ҳамроҳи Ботирхон ном ҷӯрааш рӯ ба дашту саҳро овард.

Беҳуда намегӯянд, ки Худованд карим аст ва ризқи бандаашро дар кадом ҳолате, ки набошад, мерасонад. Файзиддину Ботурхон ба ғайр аз парвардигор дар ин дунё дигар ягон ҳамдаму ҳамроҳ надошта бошанд ҳам, зинда монданд. Худованд ризқу рӯзии ин ду ятимакро аз ҳисоби моҳиҳои дарё дода, ҷони ҳардуро аз панҷаи марг наҷот дод, вале..

Дар қабристон

Рўзе Ботурхон ба хонаи кадом хешаш рафту як њафта бедарак шуд. Файзиддини танҳо намедонист ба куҷо равад. Боре аз забони модараш шунида буд, ки барои одамони бе љой монда, аз њама ҷойи беҳтарин ќабристон аст. Тамоми қувваташро ҷамъ карда, роҳ ҷониби гӯристон гирифт.

Акнун хонаи ӯ дар қабристон буд. Файзиддини бе касу танҳо шаб то саҳар дарақ-дарақ ларзида, шабҳоро дар байни қабрҳои куҳна саҳар мекард. Ба назараш чунин мерасид, ки ҳозир мурдаҳо зинда шуда аз қабрҳояшон мебароянд ё ягон ҷину деву парӣ ӯро буғӣ карда мекушад, аммо дилаш аз тарс ба кафидан наздик расад ҳам, чашмонашро сахт пӯшида, ба лаб номи Худованд сарашро ба руйи қабрҳои куҳна монда хоб мерафт.

Рӯ ба рӯ бо аҷал

Як шаб дар болои қабри куҳна масти хоб буд, ки касе ба шаст аз остинаш кашид. Файзиддин аз тарс як қад парида бедор шуд ва дар рӯ ба рӯяш саги калони чӯпониро дид. Ҷонвари бадҳайбат дандонҳои тези даҳшатангезашро гиз карда аз остини куртаи ӯ мекашид. Қадаш қариб бо хар баробар ва чунон саги бадхайбат буд, ки бо диданаш ба бадани кас рашъа медавид. Аз чашмони ин саги бадхашм гӯё хун меборид.

Файзиддин дандонҳояшро гиз-гиз кардани сагро дида пай бурд, ки ҷонвар сахт гурусна аст. Умедашро аз зиндагӣ амоман канд, зеро хуб медонист, агар бо тамоми овоз дод гуфта гурезад ҳам, аз чанги ин саги гуруснаи аз гург ҳам калон халос шуда наметавонад. Ба тақдир тан дод ва “сарнавишти мани бе падар ҳамин будааст, ки дар қабристон луқмаи як саги дайду шавам» гӯён, чашмонашро пӯшида, ба марги ваҳшатзо тайёр шуд. Селоби ашк беихтиёр ба рӯйи рухсораҳои ятими сарсахт мерехт…

alt

(Идомаи саргузашти талхи Бобои Файзро фардо, соати 13-00 интизор бошед!)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД