Commerc banl
Агар муаллим аз фарзанди шумо шикоят мекунад, чӣ бояд кард?
01.03.2026
Oila.tj
51

Муаллим аз фарзанди шумо норозӣ аст? Мегӯяд, ки танбал асту суст мехонад, беодобӣ карда, ба рафти дарс халал мерасонад ё ҷангара аст ва ҳамсинфонашро таҳқир мекунад? Барои зуд хомӯш кардани шарораи муноқиша, ки бешубҳа ба иштирокчии осебпазиртарин - кӯдак зарар мерасонад, ба шикоятҳои муаллим чӣ гуна бояд муносибат кард? Равоншиноси рус Надежда Георгиева роҳҳои дурусти ҳалли масъларо пешниҳод намудааст.

1. Ду ҳақиқатро шунавед

Пеш аз ҳама вазъиятро бо ҳарду тараф муҳокима кардан лозим аст. Аввал аз кӯдак пурсед, оё суханоне, ки омӯзгор дар бораи рафтору кирдори ӯ мегӯяд, асос доранд ё не, баъд бо муаллим суҳбат карда, назарашро дар бораи сабабҳои чунин рафтор кардани фарзандатон пурсон шавед.

Равоншинос ҳушдор додааст, ки волидон набояд суханони омӯзгорро дар бораи фарзандашон ҳамчун душманӣ қабул кунанд. Кӯшиш кунед, ки оромона то охир гапи муаллимро гӯш кунед, шояд вай ҳамчун мутахассисе, ки таҷрибаи кор бо кӯдаконро дорад, чизҳоеро мебинад, ки шумо дида натавонистед ё аҳамият надодед.

2. Шаъну шарафи муаллимро паст назанед

Сарфи назар аз он ки шумо чикора ҳастед, бо муаллим боэҳтиром муносибат намоед. Шаъну шарафи инсонии ӯро паст назанед ва донишу малакаи омӯзгориашро зери суол набаред, дар акси ҳол, суҳбат бо дилсардӣ ё ҷанҷол анҷом меёбад. Дар ёд дошта бошед, ки шумо - ду шахси калонсол бояд дар якҷоягӣ роҳи ислоҳи рафтору кирдори кӯдакро пайдо намоед.

3. Ба хотири ҳақталошӣ бо муаллим ошкоро ҷангу ҷанҷол накунед

Шумо комилан бо гуфтаҳои омӯзгор норозӣ бошед ҳам, ҳақиқати мутлақи худро исбот карданӣ шуда, ба васваса наафтед ва бо муаллим ҷангу ҷанҷол накунед. Равоншинос мегӯяд, касе, ки дар муноқишаи муаллиму шогирд ҳамеша дар ҳолати осебпазир қарор мегирад, дувумӣ аст. Аз ин рӯ, волидон бояд ҳама корро кунанд, то масъала хушӣ ба хушӣ ҳал шуда, кӯдак азоб накашад.

4. Нуқтаи назаратонро бо нармӣ фаҳмонед

Бо меҳрубонӣ ба сухнони муаллим гӯш кунед ва сипас нуқтаи назари худро бо нармӣ фаҳмонед. Шояд дар оилаи шумо ҳодисаи нохуше рӯй дода буд, ки ба муваффақияти таҳсил ё рафтори фарзандатон таъсири манфӣ расонидааст, масалан ҷудошавии волидайн, бемории вазнини бобо, марги ҳайвоноти хонагӣ ва ғайра. Дар ин бора ба муаллим гӯед. Дар ҳар як синф 25-30 хонанда таҳсил мекунанд ва муаллим на ҳама вақт қодир аст дар бораи ҳар як сӣ шогирди худ маълумоти муфассал дошта бошад. Ин вазифаи волидайн аст, ки муаллимро огоҳ созанд.

5. Аз муаллим маслиҳат пурсед

Аз муаллим пурсед, ки шумо ҳамчун падар ё модар дар ин вазъият чӣ кор карда метавонед. Агар кӯдак чизҳои навро бо суръати суст меомӯхта бошад, пурсед, ки оё ман метавонам дар тайёр кардани дарсҳо ба ӯ кумак кунам? Таҳсил яке аз муҳимтарин бахшҳои ҳаёти кӯдак аст, бинобар ин, волидон набояд ба мушкилиҳое, ки ба миён меоянд, беэътиноӣ намоянд. Махсусан кӯдаконеро, ки аз хурдтарин нокомӣ рӯҳафтода мешаванд, дастгирӣ кардан лозим аст.

6. Роҳи созишро ҷустуҷӯ намоед

Ба он омода бошед, ки шумо ва муаллим дар бораи вазъият назари гуногун дошта метавонед. Ба ҷои танқиди муаллим ва ҳимоя кардани фарзанди худ роҳи созишро ҷустуҷӯ ва пешкаш намоед. Фарз кардем, ки фарзанди шумо адабиёт, таърих, суруд ва дигар фанҳоро бо баҳои аъло мехонад, вале ба математика шавқ надорад. Магар ба муаллими математика, ки фанни худро шоҳи илмҳо мешуморад, исбот карда мешавад, ки ин фан барои фарзанди шумо чандон муҳим нест? Ҳаргиз! Ба ҷойи баҳсу мунозира кардан роҳи созишро пешниҳод намуда, ба омӯзгор бигӯед, ки мутаассифона писар ё духтари ман аз фанни шумо муваффақ шуданаш гумон аст. Бигзор ӯ диққаташро ба омӯзиши забонҳо ва такмил додани дигар маҳоратҳояш равона созад. Дар мавриди математика (физика, химия ва ғайра) бошад, ягон баҳои ҳадди ақал бигирад, ки барои аз синф ба синф гузаштан кофӣ бошад, ҳаминаш моро қонеъ месозад.

7. Бахшиш пурсед, агар гапи сахт зада бошед

Равоншинос ҳушдор додааст, ки на ҳар омӯзгор мухолифат намудани падару модарро бо нуқтаи назари худ бидуни эътироз ва муқовимат қабул мекунад, бинобар ин, волидон бояд бо гапи хуб ҳақ будани худро собит созанд, на бо ҷангу даъво. Агар дар рафти баҳс ба омӯзгор гапҳои сахт гуфта бошед, ҳатман бахшиш пурсида, бигӯед, ки шумо ба эҳсосот дода шудед, вале вазъиятро ҷиддӣ қабул мекунед. Агар байни кӯдак ва муаллим нофаҳмие вуҷуд дошта бошад, волидайн бояд дар ҳалли низоъ кумак кунанд, зеро кӯдакон бо сабаби хурдсолӣ ва маҳдуд будани таҷрибаи зиндагиашон ба танҳоӣ аз уҳдаи ҳалли ин моҷаро намебароянд. Аз ин рӯ, ҳангоми муошират бо муаллим ҳар як суханро дар мизони ақл баркашида, оқибаташро фикр кунед ва агар хато кардед, ислоҳ намудани вазъиятро ба таъхир нагузоред.

8. Ба мушкилот чашм напӯшед

Бисёре аз волидайн шикоятро дар бораи рафтори фарзандашон нисбат ба танқид дар боби суст хондани кӯдак сахттар қабул мекунанд. Вақте мешунаванд, ки фарзандашон ҳамсинфонашро мезанад, чизеро шикастааст ё вайрон кардааст ва ё дигаронро озор медиҳад, таҳқир мекунад, бо муаллимон баҳсу мунозира мекунад, ки «ин тавр шуданаш мумкин нест», волидон фикр мекунанд, ки муаллим ба кӯдаки онҳо ягон қасд дорад ё ҳамсинфонаш кӯдакони бадкирдор ҳастанд ва ба «фариштаи хурдакак» туҳмат мекунанд, вале воқеият метавонад тамоман дигар бошад. Кӯшиш кунед бифаҳмед, ки дар асл воқеан чӣ рӯй дода истодааст. Ин ягона роҳест, ки шумо метавонед ба фарзандатон кумак расонед.

9. Ба далелҳо такя кунед

Кӯшиш кунед, ки ҳарчи бештар маълумот ҷамъ намоед. Аз фарзанди худ, муаллим ва дигар волидон маълумот гиред. Эҳсосоти худро нигоҳ доред, аз таҳдиду таҳқир худдорӣ намоед, вагарна муаллимон дигар бо шумо муошират кардан намехоҳанд. Вақте ки оташи хашму ғазабатон аланга мегирад, ба худ бигӯед: “Бас!”. Як нафаси чуқур кашед, баъд тамоми далелҳои ҷамъовардаатонро дар тарозуи ақл баркашида, хулоса бароред, ки кӣ ҳақ аст: муаллим ё фарзанди шумо?

10. Шарм доштан роҳи ҳалли масъала нест

Агар далелҳо дар бораи рафтори номатлуби фарзанди шумо тасдиқ ёбанд, сурху сафед шуда, ҷойи пинҳоншавӣ накобед. Ҳар як инсон хато мекунад, вале хатоҳоро ислоҳ кардан лозим аст. Инро ба фарзандатон бигӯед ва кӯшиш кунед, ки роҳи ҳалли масъаларо ёбед. Дар ин ҳолат шумо бояд мустақилона ё бо равоншинос сабабҳои аслии рафтори ношоистаи фарзандатонро таҳлил кунед. Эҳтимол фарзанди шумо аз нарасидани таваҷҷуҳ азият мекашад ё ба стресс дучор шуда, ниёз ба кумаки равонӣ дорад. Дар ҳолати дуюм ҳатман ба табиби равоншинос муроҷиат кардан лозим аст.

11. Бо мутахассисон машварат кунед

Барои бисёре аз волидайн андешаи он ки фарзандашон ба кумаки равонпизишк ё равоншинос ниёз дорад, тоқатнопазир аст. Волидон кӯркӯрона умед мебанданд, ки фарзандашон калон шуда, ислоҳ мешавад, вале бо ин умеди пуч вақти гаронбаҳоро аз даст медиҳанд. Агар сари вакт чора набинед, проблемаҳо то ба дараҷае мерасанд, ки назорат аз болои вазъият ғайриимкон мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД