Formula september
“Ал-Наср” муборизаро идома медиҳад, вале..
319


Дирӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии дастаҳои футболи “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ баргузор гашт, ки мухлисон дер боз интизораш буданд.

Наомадани ситораи ҷаҳонии футбол Роналду ба Душанбе табъи мухлисони ашадии футболро хира гардонида бошад ҳам, умед мерафт, ки дар бозӣ иштирок накардани футболбозони пурқуввати дастаи “Ал-Наср” ба манфиати бозингарони “Истиқлол” хоҳад гашт, вале...

Нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол” Алишер Ҷалилов ба дарвозаи “Ал-Наср” тӯби аввалинро ворид кард ва бо ҳамин соҳибони майдон ҳисобро кушоданд, аммо баъди чанд лаҳза ҳамлагари “Ал-Наср” Абдулраҳмон Ғариб ба дарвозаи “Истиқлол” гол зада, ҳисоб баробар шуд.

Бо ҳамин рақибон дигар натавонистанд ба дарвозаи ҳамдигар тӯбро ворид созанд ва бозӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфт.

“Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ дар ҷадвали гурӯҳи «Е» бо 13 имтиёз дар мақоми аввал қарор дошт ва ин мусовӣ ба тақдири даста чандон таъсир надорад, вале 1-1 боиси лигаи чемпионҳоро тарк намудани “Истиқлол” гашт.
Ёдрас мешавем, ки ин бозӣ яке аз қимматтарин бозиҳои футбол барои мухлисони тоҷикистонӣ ба шумор рафта, чиптаҳо аз 300 то 3000 сомонӣ арзиш доштанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД