Бозиҳои даври 23-юми Про-Лигаи Арабистони Саудӣ ба анҷом расиданд. Бошгоҳи “Ал-Наср”-и шаҳри Риёз дигарбора ба садри ҷадвали мусобиқа баромад.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар бозии марказии даври 23-юми Про-Лига дастаҳои “Ал-Ҳилол”-и шаҳри Риёз ва “Ал-Иттиҳод”-и шаҳри Ҷидда вориди майдони рақобат шуданд. Бозии дастаҳо бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хотима ёфт. Аз ҳайати тими мизбон Малком ва аз ҳайати тими шаҳри Ҷидда Уссем Ауар ба задани гол ноил шуданд.
Аз мусовии пешсафи ҷадвали мусобиқа “Ал-Ҳилол” истифода намуда, “Ал-Наср” пирӯзӣ ба даст овард ва ба садри ҷадвали Про-Лига баромад. “Ал-Наср” дар ин давр дар шаҳри Риёз бо ҳисоби 4 бар 0 тими “Ал-Ҳазм”-ро шикаст дод. Криштиану Роналду дубл, Кингсли Коман ва Анжело Боржес голҳои “Ал-Наср”-ро ба самар расониданд.
Роналду 501 гол баъд аз 30-солагӣ ба самар расонид. Дар таърихи футбол ҳеҷ кас ин корро накардааст. Криштиану Роналду аввалин аст. Ҳамчунин, Роналду голи 964-умро дар корнома ба самар расонид. То 1000 гол ҳамагӣ 36 голи дигар барои Криш боқӣ мондааст.
Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа “Ал-Наср” бо 55 имтиёз дар зинаи аввал аст. “Ал-Ҳилол” бо 54 имтиёз дар зинаи дуюм мавқеъ гирифтааст. “Ал-Аҳлӣ” бо 53 имтиёз дар зинаи сеюм ҷой гирифтааст. “Ал-Қадисия” бо 50 имтиёз чаҳоргонаи беҳтаринҳоро пур мекунад.
Дар таҳхонаи ҷадвали мусобиқа дастаҳои “Дамак” бо 15 имтиёз, “Ал-Уҳдуд” бо 10 имтиёз ва “Ал-Наҷма Унайза” бо 8 имтиёз мавқеъ гирифтаанд.
Айвен Тоуни аз ҳайати “Ал-Аҳлӣ” бо 23 гол беҳтарин нишонзани мусобиқа мебошад. Хулиан Кинйонес аз тими “Ал-Қадисия” бо 21 гол зинаи дуюм ва Криштиану Роналду бо 20 гол сегонаи беҳтаринҳоро пур мекунанд.