formula
ҲАЛОКАТИ ДУ МАРДИ СОЛМАНД БАР АСАРИ САДАМАИ НАҚЛИЁТӢ
2029


Сайёди аҷал хеле зираку ҳушёр аст, намедонӣ, ки кай дар куҷо ғофилгират мекунад. Якеро ба коми оташ ё дарё тела медиҳад, дигариро зери чархи мошин, риштаи ҷони саввумиро бо баҳонаи беморӣ бераҳмона мебуррад, то инсон домангири аҷал набошад...

Рӯзи гузашта бар асари садамаҳои нақлиётӣ риштаи умри ду марди солманд канда шуд. Садамаи аввал тахминан соатҳои 11:50-дақиқа ба вуқуъ пайваста, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Мухторов Изатуллохон, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Ворух-Исфара», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шаҳрак пиёдагард Нематов Муродуллои 66-соларо пахш кард. Дар натиҷа ин марди солманд ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҷон ба ҷонофарин супурд.

Садамаи дуюми маргбор нимаи дуюми рӯз, аниқтараш соати 15:25 сар зад ва ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс-Спринтер», Отабеков Отабекхӯҷа Бузургхоҷаевич дар ҳудуди Автостансияи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагард Шукуров Нумонҷон, соли таваллудаш 1948, сокини ноҳияи мазкурро пахш намуд. Ин марди 73-сола ҷароҳати хеле сахт бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД