arzon replenishment
Ҳалокати муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон
4336

 

Боз се нафар ҷавонони тоҷик ба хотири дарёфти як бурида нон дар ғарибӣ ҷон бо ҷонофарин супурданд.

Ин ҷавонмардони бо нангу номусро дар хона падару модар, хоҳару бародар ва зану фарзандонашон бесаброна интизорӣ мекашиданд, аммо ҳангоми бозгашт ба Ватан аждаҳои аҷал бераҳмона ба гиребонашон панҷа афканд...

Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидаанд. Ҳодиса дар роҳроҳи Самара-Шимкент ба вуқуъ пайвастааст. Мошини сабукрави тамғаи тайёта-камри,ки дар сари чамбараки он ронандаи тоҷиктабор нишаста буд, ба яхбандӣ нигоҳ накарда,ба самти муқобили роҳ мебарояд ва ба як мошини боркаш, ки дар сари чамбараки он шаҳрванди 42-солаи Узбекистон нишаста буд, бармехӯрад. Дар натиҷаи ин садамаи хунин ду нафар мусофирони мошини Тайёта, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ аз Русия ба Ватан бармегаштанд, дар ҷойи ҳодиса ҷон ба ҷонофарин супурда, як нафари дигар дар беморхона бо ҳаёт абадан падруд гуфтааст. Боз як мусофири дигари Тайёта дар яке аз беморхонаҳои Қазоқистон дар ҳолати вазнин қарор дорад.

Ногуфта намонад, ки ду тан аз ҳалокатшудагон зодаи ноҳияи Панҷ ва як нафари дигар зодаи маҳалаи 63-юми шаҳри Душанбе.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД