goodwell
Аҳмадзода бо фаъолияти истироҳатгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» шинос шуд
11.08.2026
Oila.tj
40

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо фаъолияти истироҳатгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» шинос шуда, ба шароити истироҳату фароғати кӯдакону наврасон таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.

Ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шудааст, ки айни замон дар истироҳатгоҳ 60 нафар кӯдакону наврасон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба истироҳату фароғат фаро гирифта шудаанд. Барои онҳо тамоми шароити зарурии будубош, аз ҷумла хобгоҳҳои бароҳат, се вақт ғизои гарм, толорҳои машғулият, майдончаҳои варзишӣ ва фароғатӣ муҳайё гардидааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилоят, Раҷаб Аҳмадзода зимни суҳбат бо масъулини муассиса ва истироҳаткунандагон таъкид намудааст, ки бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сол аз сол имконияту шароити истироҳатгоҳҳо беҳтар гардида, барои ташкили истироҳати босифат ва рушди маънавию ҷисмонии кӯдакону наврасон тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД