Formula 2025 may
Аҳмадзода бо иштирокчиёни ақибгоҳ ба муносибати Рӯзи Ғалаба дидор дид
07.05.2025
Oila.tj
244

Ба муносибати 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҳоли иштирокчиёни ақибгоҳ - Аҳмадҷон Бобоҷонов, Саттор Қодиров ва Юлчибой Боймирзоев хабар гирифт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни суҳбат раиси вилоят иброз дошт, ки саҳми иштирокчиёни ақибгоҳ дар таъмини ғалаба бар фашизм арзишманд буда, эҳтирому қадршиносӣ ба заҳмати онҳо вазифаи муҳими давлат ва ҷомеа мебошад.

Соли равон тибқи қарори раиси вилоят ба муносибати ин санаи таърихӣ барои расонидани ёрии яквақтаи моддӣ ба ҳар яке аз иштирокчиёни ақибгоҳ, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 3 нафар умр ба сар мебаранд, ба миқдори 8000 сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар вилояти Суғд айни замон 2 нафар иштирокчии ҶБВ ва 51 нафар иштирокчии ақибгоҳ зиндагӣ мекунанд. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои расонидани ёрии яквақтаи моддӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба ба собиқадорони ҷангу меҳнат 438 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД