arzon replenishment
Ҷамила-буққа (қисми 3)
2550

Танҳои танҳо

Ҷамила баъди сари падараш дар ҳавлии калон танҳои танҳо монда, рӯз то бегоҳу шаб то саҳар гиря мекард.

Ҳаққу ҳамсояҳо ҳар рӯз ба хонаи онҳо омада, изҳори тасаллияту ҳамдардӣ менамуданд ва ба Ҷамила маслиҳат медоданд, ки шавҳар кунад. Духтар аввал аз ин гапҳо ба ғазаб меомад, вале баъд оҳиста-оҳиста дарк кард, ки сари зиндаро ба гӯр бурда намешавад, падараш аз олам рафт ва ӯ бояд барои худ ягон ҳамдаму ҳамнафас пайдо намояд.

Арӯси 40-сола

Ҳамин тавр, баъди додани сари соли падараш Ҷамила-буққа дар синни 40-солагӣ ба шавҳар баромад. Тӯймурод ҳамдеҳаи худашон буда, бо сабаби бефарзандӣ аз ҳамсараш ҷудо шуда буд. Вай бе падару модар ба воя расида буд, аз ҳамин сабаб, як бевазани бе кӯдакро ба занӣ гирифта, муддати 18 сол тамоми ҳастиашро ба ӯ бахшид, аммо Худованд ба онҳо фарзанд надод. Сайбибӣ аз шавҳари якумаш фарзанд наёфта буд ва нахли умраш аз Тӯймурод низ бор наовард. Акнун ин ҷавонмарди човандоз қариб 20 сол бо як зани безурриёт зиндагӣ карда, аз ҳаёт чизе надида буд ва аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид, ки 40-сола бошад ҳам, зани духтар гирифта, ба қатори мардҳо даромад...

Хандаи бахт

Ҳаёти оилавии Ҷамила-буққа бисёр ширину гуворо оғоз ёфт. Ҷамилаю шавҳараш чароғи манзили Усто-Маннонро фурӯзон нигоҳ дошта, аҳлона зиндагӣ мекарданд. Зану шавҳар ҳарду меҳнатӣ буданд ва аробаи зиндагиашонро бо маслиҳату машварат ба пеш мекашиданд. Ҳаёти серу пур ва осудаю зебое доштанд ин ҷуфти ба ҳам зебанда. Худованд Тӯймуроди дар ҳасрати фарзанд солҳои сол сӯхтаро ниҳоят ба муроду мақсадаш расонда, нахли умрашро боровар гардонд. Ҷамила дар се соли зиндагӣ пай дар пай ду писарчаи паҳлавонро ба дунё оварда, сари шавҳарашро ба осмон расонд, аммо...

Дидори охирин

Тӯймурод дар лаҳзаҳои бекориаш човандозӣ мекард, вале касби асосиаш устои барқ буд. Як рӯз Ҷамила нав писарчаи хурдиаш Суҳайлро хобонда, шакароб реза мекард, ки барқ хомӯш гашт. Вай ба ин тамоман аҳамият надода, чойи дар рӯйи газ ҷӯшидаро дам кард ва як табақ шакаробро дар рӯйи дастурхон гузошт. Тӯймурод аз пешомади ногувори худ бехабар шакароби бо равғани зағир тайёркардаи занашро, ки хеле бомаза буд, баҳ-баҳгӯён хӯрда, ҳамроҳи Ҷамила хеле ҳазлу шӯхӣ карданд. Зану шавҳар саргарми суҳбат шуда, ҳанӯз дастурхонро нағундошта буданд, ки як гурӯҳ ҳамсояҳо даромада омаданд....

Бӯсаи видоӣ

Ҷамила зуд аз хона кӯрпачаҳои навро бароварда, меҳмононро мурооти нишастан намуд, вале ҳамдеҳагон рад карда, аз шавҳараш Тӯймурод хоҳиш намуданд, ки трансформаторро ба кор дарорад. Тӯймурод одати не гуфтан надошт ва зуд дастонашро пок карда, аз ҷояш бархост. Дар дами дар чизе ба ёдаш расидагӣ барин, вай дубора қафо гашта, ба хона даромад ва аз пешонии писарчаҳояш, ки ҳарду масти хоб буданд, бо меҳр бӯса кард. Вай ҷомаашро кашида, дар сари мех овезон намуд ва ба Ҷамила рӯ оварда “кӯдаконро нағз нигоҳ кун” гуфту ҳамроҳи мардҳои ҳамсоя баромада рафт...

Трансформатори одамкуш

Дили Ҷамила худ аз худ сиёҳӣ меовард. Вай зуд дастурхонро ҷамъ кард ва дигар тоқат карда натавониста, аз хона баромад. Мардҳои зиёде дар атрофи трансформатор ҷамъ шуда буданд, Тӯймурод бошад аллакай ба кори худ сар карда буд. Ҷамила беихтиёр наздиктар рафт, то ки ба шавҳараш ёрӣ расонад, вале ҳангоми симҳоро васл намудани усто расиши ноҷое рӯй дод. Барқ Тӯймуродро чунон бераҳмона зад, ки дар пеши назари Ҷамила шавҳараш дар як дам сӯхта, хокистар гашт...

Даҳшат!!!

Мардум аз тарс дар ҷояшон шах шуда монданд. Касе ҷуръат намекард, ки пораҳои ҷасади парешони Тӯймуродро аз замин бардорад. Ҷамилаи бадбахт бо дидани ин манзараи ваҳшатнок ба даҳшат афтода бошад ҳам, худро базӯр ба даст гирифта, худаш дасту пойҳои ба ҳар тараф паридаи шавҳари ҷавонмаргашро аз замин ҷамъ кард ва бо нолаҳои зор аз паси гӯру чӯб кардани падари фарзандонаш шуд...



-Оча! Оча!-Ба чашмони худ бовар накарда, аз ҷояшон бархостанд духтарҳо. -Ту пеши мо омадӣ? Ту намурдаӣ?!


 

Бало +бало

Ҷанозаи Тӯймуродро бо фармони имомхатиби деҳа зуд хонда, ҷисми пора-пораи ӯро ба хок супориданд. Ҷамила ҳанӯз бовар намекард, ки шавҳари меҳрубону ширинсуханаш ба марг таслим шуда, ӯро бо ду кӯдаки хурдсол абадан тарк кардааст. Бало танҳо намеояд гуфтагӣ барин, бегоҳи сиёҳшӯёни шавҳараш оғилхонаи Ҷамила оташ гирифта, якбора 40-сар гӯсфанди аз раҳматии падараш мерос монда, ба коми оташ рафт. Дар ин сӯхтор ҳамчунин аспи раҳматии Усто-Маннон, ки Ҷамила замони духтариаш бо он ба бузкашӣ мерафт, сӯхта мурд. аммо....

Шод бояд зистан-ношод бояд зистан

Бо ин ҳама бозиҳои номардони қисмат Ҷамила Худоро шукр гуфта, зиндагиашро идома дода истодааст. Вай 7 сол боз мотамзада аст. Ҷамила то ҳол дар сӯги падари меҳрубон ва шавҳари ҷавонмаргаш, ки ба таври даҳшатнок ин дунёро тарк намуд, зор-зор мегиряд, вале чун дилаш аз гиря каме холӣ шуд, боз шукри зиндаю саломат мондани ду гулписарашро карда мегӯяд: “Ман ғами сӯхта нобуд шудани гову моламро надорам. Инсон бо меҳнати ҳалол ҳама чизро дубора ба даст оварда метавонад, вале афсӯс, ки умри одамӣ такрорнашаванда аст. Одамизод чун сар ба домони хок ниҳод, дигар ҳаргиз аз он дубора сар намебарорад...

Анҷом

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Парвиз 2019-08-17, 04:38
Қиссаи бисёр ҷолиб.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Парвиз 2019-08-17, 04:38
Қиссаи бисёр ҷолиб.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД