arzon replenishment
Амир-Хон ба хотири маъшуқаи ҷавонаш зану бачаашро партофт
3078

Овозаҳо дар бораи он ки ситораи Болливуд ба хотири маъшуқаи ҷавонаш тарки оила ва фарзандон намудааст, асос доранд?
Маҷнуни сонӣ ё духтарбози ашаддӣ?
Амир-Хон!

photo_2021-12-24_11-23-11

Ин ном на танҳо барои мардуми Ҳиндустон, балки қариб ба тамоми сокинони сайёраи Замин ошно аст. Ин марди сар то по ҳунар бо филмҳои ҷаззоби ошиқонааш дар дилу дидаи миллионҳо нафар дӯстдорони синамо маъво гирифтааст. Амир-Хонро на танҳо ҳамчун як ҳунарманди хуб, балки чун ошиқи ҳақиқӣ ва Маҷнуни сонӣ мешиносанд, зеро дар аксари филмҳояш ӯ нақши мардонеро мебозад, ки бо тамоми ҳастӣ ошиқ шуда, барои зани дӯстдоштаашон ба ҳама гуна қаҳрамонӣ тайёранд, вале...
Чаро мардҳои машҳур “бабник” мешаванд?
Маъмулан мардоне, ки дар экран нақши ошиқони асилро бозида, барои бонуи дӯстдоштаашон ҷонфидоиҳои бисёре мекунанд, дар зиндагӣ баръакс бисёр булҳавас, бевафо ва духтарбози ашаддиянд. Одатан ин тоифаи мардон ҷеҳраи дилкаш, қаду қомати зебо, забони ширин, бар замми ин, шӯҳрату обрӯ ва пулу моли зиёде доранд. Табиист, ки дар атрофи чунин мардон хонумҳои зиёде парвонавор мечарханд ва серхаридор будани худро эҳсос намуда, онҳо мисли орӯ аз як гул ба гули дигар парвоз мекунанду зан ва маъшуқаҳояшонр ба мисли дастпӯшак тез-тез иваз карда меистанд.
Амир-Хон чӣ гуна мард аст?

photo_2021-12-24_11-23-06
Дар бораи Амир-Хон низ сару садоҳо хеле зиёд буданд. Яке ӯро ҳамчун марди асил ситоиш мекард, дигарӣ ин ситораи дурахшони Болливудро дар духтарбозию булҳавасӣ муттаҳам намуда, иддао менамуд, ки Амир-Хон қариб бо тамоми бонувони зебое, ки дар филмҳо нақши арӯс ё маҳбубаи ӯро бозӣ мекунанд, муносибатҳои ошиқона барқарор карда, мудом занбозӣ карда мегардад. Забони ғайбатчиҳо махсусан соли 2002 баъди оне, ки Амир-Хон зани якумаш Рина Даттаро бо ду фарзанд партофта, расман ақди никоҳашонро бекор намуд, дароз шуд. Душманонаш иддао мекарданд, ки Амир-Хон ақаллан хотири 16 соли дар як болин сар гузоштанашонро накарда, Ринаро бо ду кӯдак дар нимароҳи зиндагӣ танҳо гузошта, духтарчааш Айраву писараш Ҷунайдро зиндаятим гардонд, аммо...
Издивоҷи дуюм даҳони ғайбатчиҳоро баст, вале...
Шумораи маъшуқаҳои Амир-Хон аз мӯйи сараш зиёд бошад ҳам, дар муддати се соли баъди аз Рина Датта ҷудо шуданаш ягон зебосанам дили ин марди машҳурро ба даст оварда натавонист, вале тавре ки мегӯянд, гоҳо мурғи бахт ба сари китфи инсон чунон ногаҳонӣмешинад, ки худаш бехабар мемонад. Дар ҳаёти Амир-Хон низ айнан чунин ҳодисаи хурсандиовар рӯй дода, ҳангоми банаворгирии филми “Лагаан: Боре дар Ҳиндустон” бо зебосанам Киран Рао вохӯрд.
Ҳамин як вохӯрӣ кофӣ буд, ки дили ин марди дар сар то сари олам машҳур ба тори гӯсевони Киран печида, ошиқи шайдояш гардад. Соли 2005 Амир-Хон ва Киран Рао тӯйи бодабдаба ороста, ақди никоҳ бастанд ва риштаи тақдирашонро ба ҳам пайвастанд, аммо...
Писари деринтизор

photo_2021-12-24_11-16-06
Зану шавҳари ҷавон ошиқи шайдои ҳамдигар бошанд ҳам, нахли умрашон бор намеовард ва Худованд ба онҳо ҳеҷ фарзанд намедод. Киран пинҳонӣ ғусса хӯрда, шабҳоро бо гиря саҳар мекард ва сарашро ба сад дар мезад, то ҳомиладор шавад, аммо ҳеҷ ба муроди дилаш намерасид.
Билохира, табибон ба онҳо маслиҳат доданд, ки аз усули бордорсозии сунъи истифода баранд. Амир-Хон аввал розӣ набошад ҳам, баъдан ба хотири ашкҳои ҳамсараш ба ин кор иҷозат дод. Ҳамин тавр, соли 2011 бо кӯмаки эко онҳо соҳиби писарчаи нозанине бо номи Озод гаштанд, вале..

photo_2021-12-24_11-15-57
Сароби бахт
Муддати 16 сол Амир-Хон ва Киран мисли Лайливу Маҷнун ошиқи шайдои ҳамдигар буданд. Ба назар чунин мерасид, ки Худо ин ҷуфти зеборо маҳз барои ҳамдигар офаридаасту ягон қуввае дар ҷаҳон қодир нест онҳоро аз ҳам ҷудо кунад. Киран барои Амир-Хон на танҳо зани бовафо, балки дӯсти беҳтарин низ буд ва на танҳо дар зиндагӣ, балки дар корҳои эҷодиаш низ ба ӯ ёрӣ мерасонд, вале ба хушбахтии онҳо чашми бад расида, аз байни зану шавҳар ба қавли кампиракон якбора “гурбаи сиёҳ” гузашт...
Аз овоза то ҳақиқат

photo_2021-12-24_11-16-23

Ҳанӯз якуним-ду сол қабл дар Болливуд миш-миш сар шуда буд, ки Амир-Хон маъшуқаи ҷавон ёфтаасту ба ҳамсараш хиёнат мекунад, вале зану шавҳар ин овозаҳоро рад карда, чунон вонамуд мекарданд, ки гӯё мисли пештара бе якдигар ҳатто як лаҳза ҳам зиндагӣ кардаву нафас кашида наметавонанд. Ба чорабиниҳо якҷоя мерафтанд, аксҳои оилавиашонро дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ мегузоштанд, вале ҳолдонҳо мегуфтанд, ки ин ҳама фиреби назар аст ва хоҳ-нохоҳ ба ин оилаи зоҳиран хушбахт талоқу ҷудоӣ таҳдид менамояд.
Беҳуда намегӯянд, ки то шамол нашавад, шохи дарахт намеҷунбад, миш-мишҳо дар бораи тамоман харобу вайрон шудани муносибатҳои оилавии Амир-Хон ва Киран Рао билохира ба ҳақиқат табдил ёфтанд.
Ҷудо шудем, вале дӯст мемонем
Амир-Хон ва Киран якҷоя изҳорот дода, иқрор шудаанд, ки онҳо ақди никоҳи худро бе кор мекунанд, зеро аз муҳаббати гарму ҷӯшонашон танҳо хотираҳои нек боқӣ мондаанду халос. Зану шавҳар бо тантана ваъда додаанд, ки баъди ҷудо шудан низ дӯст боқӣ монда, ҳамкории худро дар самти синамо идома хоҳанд дод.
Киран қавл додааст, ки баъди талоқ ва бе кор шудани ақди никоҳашон ҳаргиз барои вохӯрӣ ва дидори Амир-Хон бо писарашон Озод монеъ намешавад, чунки онҳо дигар зану шавҳари қонунӣ набошанд ҳам, барои фарзандашон падару модари меҳрубону ғамхор боқӣ мемонанд.
“15-соли зиндагии якҷояи мо пур аз хотироти ширин, хандаву шодӣ ва меҳру муҳаббат буд. Оилаи мо дар пояи эҳтироми тарафайн, боварӣ ва муҳаббат бунёд ёфта буд, вале акнун ба марҳилае расидем, ки ҳар кас бояд дар китоби зиндагии худ саҳифаи навро боз намояд. Мо баъди андешарониҳои зиёд ба хулосае омадем, ки минбаъд алоҳида зиндагӣ мекунем, вале барои писарамон Озод чун пештара падару модари меҳрубон боқӣ монда, ӯро дукаса тарбият мекунем. Илтимос, ҷудоии моро на чун фарҷоми талхи афсонаи муҳаббат, балки ҳамчун оғози як саёҳати тоза дар баҳри бекарони зиндагӣ қабул намуда, бароямон сидқан дуо кунед, то хушбахту саодатманд бошем”-ба мухлисони шавҳараш муроҷиат намуда, навиштааст ин зани оқила.
Маъшуқаи Амир-Хон кист?

photo_2021-12-24_11-16-12
Ёру дӯстони хонавода дар ҷудоии Амир-Хон ва ҳамсараш актриссаи ҷавон Фотима Саноӣ Шайхро гунаҳкор медонанд. Ҳанӯз 5 сол қабл ҳангоми банаворгирии филми “Муҳориба” дар майдончаи сабт бо ин нозанин рӯ ба рӯ шуда, дили ситораи дурахшони Болливуд Амр-Хон ба доми гесӯвони пурпечутоби ин зебосанам афтид.
Фотима аз қабилаи мусалмонони Ҳиндустон буда, аз Амир-Хон 27сол хурд аст, вале тафовути калони синну солӣ монеи ишқи онҳо гашта натавонист. Аввалҳо Амир-Хон ба Фотима оишқи зор шуданашро пинҳон дорад ҳам, дар ҳама ҷо ин зебосанамро дастгирӣ мекард, маҳз бо исрори Амир-Хон бозидани нақши марказӣ дар филми машҳури “Бандаҳои Ҳиндустон” насиби ин актриссаи ҷавон гашт.
Миш-мишҳо дар бораи ба Фотима ошиқ шудани Амир-Хон пас аз ҳамин филм сар шуда бошанд ҳам, касе бовар надошт, ки барои маъшуқаи ҷавонаш шуда, ин марди баркамол ва бо обрӯ аз баҳри оилаю фарзандаш мегузарад ва аз ҳамсараш ҷудо мешавад, вале тавре ки мегӯянд: Ишқи пирӣ гар бихезад, оламе вайрон шавад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД