toyota motors
Ҳамкориҳои Тоҷикистону ИМА дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ гардиданд
07.04.2026
Oila.tj
75

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода - вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо кордори Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Релитс Рокер ва намояндагони шуъбаи кумакҳои хориҷии ҳукумати ин кишвар вохӯрӣ намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорат, нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода меҳмононро ба вазорат хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА дар соҳаи тандурустӣ ёдовар шуд.

Дар доираи вохӯрӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ба муҳлати панҷ сол ба имзо расонида шуд, ки қадами муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар ин соҳа ба ҳисоб меравад.

Гуфта шуд, ки созишномаи мазкур уҳдадории муштараки ҷонибҳоро ҷиҳати дастгирии афзалиятҳои миллии тандурустии Тоҷикистон, аз ҷумла пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО ва сил, инчунин таҳкими бехатарии ҷаҳонии тандурустӣ тавассути такмили ошкорсозӣ ва вокуниш ба бемориҳои сироятӣ муайян менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД