Arzon march 2024
Ҳамлаи кимиёвӣ ба боғчаи бачагона: 51 кӯдак ва 3 мураббия захмӣ шуданд...
1855

 

Дар маҷмӯъ 54 кас, аз ҷумла 51 кӯдак дар яке аз боғчаҳои бачагона, ки шаҳри Кайюани Чин ҷойгир аст, дар натиҷаи ҳамлаи кимиёвӣ ҷароҳатҳои вазнин бардошта, бо захмҳои зиёди сӯхтагӣ ба бемористон афтиданд... Ҷиноят аз ҷониби як марди 23-сола содир шудааст.

Ин ҳодисаи гӯшношунид ҳафта равон рӯй додааст. Ба бинои боғчаи бачагона марди ҷавоне бо исми Конг ворид гашта, маводи кимиёвии хусусияти сӯхтордоштаро ба сару рӯйи кӯдакон ва мураббиёни онҳо пошидааст. Тибқи иттилои оҷонсии иттилоотии Синхуа гумонбар моддаи заҳрноки ҳидрооксиди натрийро ба рӯйи тарбиятгирандагони ин боғчаи бачагона ва мураббиёнаш пошида, онҳо сахт захмӣ намудааст.

 


Субҳон, ки дар оташи ғазаб меҷӯшид, ба рӯи ҳаммсараш нимнигоҳе накарда вориди хонааш шуд. Аллакай аз он рўз сар карда муносибаташ бо занаш сард шуда буд.


 

Ҷароҳатбардоштагон ба беморхона и халқии Кайюан интиқол ёфтанд . Табибон вазъи саломатии ду кӯдакро вазнин арзёбӣ менамоянд.

Гумонбар баъди 40 дақиқаи содир намудани ин ҷинояти нангин аз ҷониби пулис дастгир карда шуд. Тахмин меравад, ки мард бо ҳамин роҳ аз ҷомеа интиқом гирифтан мехостааст. Тафтишоти ин қазия идома дорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД